Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид

Декабрь 17, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, марказҳо ва филиалҳои он 16 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастҷамъона тамошо намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.

Зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, ба натиҷаҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Аҳли илм ва кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, барои истифодаи самараноки онҳо дар фаъолияти минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.

Бо таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми саоҳаҳо, аз ҷумла илму маориф Сарвари давлат иброз намуданд, ки вазъи амалишавии “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” ҳамаҷониба бояд таҳлилу баррасӣ гардида, тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил дода шавад. Соли 2019 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуда буд. Аз ин лиҳоз солҳои сипаригардида дар доираи ин 20-сола бояд натиҷагирӣ ва технологияи муосир мувофиқи мақсад мавриди истифода қарор дода шавад, зеро асри 21 асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.

Дар маҷмуъ масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор гирифтанд, фарогири тамоми паҳлуҳои рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон буданд. Кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин санади муҳимро ҳамчун роҳнамои мукаммали фаъолияти касбӣ пазируфта, барои татбиқи ҳадафу барномаҳои соҳавӣ, таҳкими тақвияти истифодаи технологияи муосир ва рушди илми тоҷик самаранок хизмат менамоянд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 17, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид