«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад

Декабрь 14, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд,  озмун аз рӯйи номинатсияҳои «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Қироати шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории озмун дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ ва сарояндагию овозхонӣ мебошад.

Ҳамзамон озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ гузаронида мешавад.

Озмун дар се давр аз моҳи ноябри соли 2025 то моҳи январи соли 2026 гузаронида мешавад. Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун моҳи апрели соли 2026 бахшида ба Рӯзи пойтахт доир карда мешавад.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Декабрь 14, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид