Лилия Бурунчук: «Мо ҳавасманди аз ин ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон ҳастем»

Декабрь 7, 2016 14:50

ДУШАНБЕ, 07.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мо ҳавасманди шукуфоии кишвари Тоҷикистон ва аз ин ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардуми он ҳастем. Дар оянда кумаки худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, то ба дастовардҳои назаррас ноил гардад»,-иброз намуд дар назди хабарнигорон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук имрӯз баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Лилия Бурунчук изҳор дошт, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як суҳбати пурмуҳтаво доир намуданд. Дар доираи суҳбат масъалаи вазъияти иқтисодии имрӯзаи ҷумҳурӣ, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ гардиданд.
Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ зикр кард: «Барои амалӣ намудани чорабиниҳое, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дарҷ гардидаанд, барномаҳои мушаххасро амалӣ карда истодаем. Дар оянда ҳам дар ин ҷода кумаки худро давом хоҳем дод».
Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линн, ки дар мулоқот ҳузур дошт, аз сафари нахустинаш, ки соли 1998 сурат гирифта буд, ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ба дастовардҳои ниҳоят бузург ноил гардидааст. Ман миннатдорам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро қабул намуд. Дар доираи вохӯрӣ мо имкон доштем доир ба имкониятҳо ва мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гӯем».

Декабрь 7, 2016 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд