Дар ояндаи наздик «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мегардад

Январь 31, 2017 10:46

DSC_0825ДУШАНБЕ, 31.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли 2017 «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги талаффузи сареҳ» ва «Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намояд. Дар ин бора Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Мушкилоте, ки имрӯз дар роҳи рушд ва тавсеаи забони давлатӣ вуҷуд дорад, ба андешаи Гавҳар Шарофзода, ба омилҳои мухталиф, аз ҷумла коркард нашудани низоми истилоҳоти соҳаҳои илму фан, техника, истеҳсолот ба забони тоҷикӣ вобаста мебошанд. Бисёре аз мутахассисони бахшҳои гуногун бо сабаби надонистани истилоҳот дар корбурди забони тоҷикӣ дар ин ё он соҳа ба душвориҳо рӯ ба рӯ мегарданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз замоне фаро расидааст, ки бо мақсади тақвияти забони тоҷикӣ ба ҳайси забони илм ва густариши бахши истилоҳшиносӣ бо ҷалби истилоҳшиносони варзидаи дохиливу хориҷӣ давраҳои омӯзиши «истилоҳшиносӣ»-ро дар донишгоҳу донишкадаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ роҳандозӣ намоем.

Январь 31, 2017 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд