Эҳёи Сада- иди қадимии мардуми тоҷик

Январь 30, 2017 17:13

КОНИБОДОМ, 30.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҷашнҳои мардумии халқи тоҷик — иди Сада дар маркази шаҳр, дар назди боғи фарҳанг ва истироҳатии шаҳри Конибодом таҳти унвони «Ҷашни Сада — пешхабари Наврӯзи навбаҳор» бо шукӯҳу шаҳомати хоса бо иштироки роҳбарият, фаъолону ҷавонон, кишоварзон ва оммаи васеи сокинон баргузор карда шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, бахшида ба ин ҷашни мавсимию маросимии мардуми ориётабор, ки чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардад, дар шаҳри Конибодом чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ бо риояи суннатҳои хоси ҷашни мазкур, аз ҷумла, роҳпаймоии идонаи ҷавонон таҳти унвони «Ҷашни миллиамонро эҳё мекунем!», насби шиору овезаҳо вобаста ба ид, шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда ҷараён гирифта, ҳамчунин ярмарка-фурӯши ниҳолу буттаҳо дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ гузаронида шуданд.
Чун ин ҷашни миллӣ дар Соли ҷавонон баргузор шуд, асосан дар он ҷавонону наврасони шаҳри Конибодом фаъолона ширкат варзида, бо иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар шинонидани ниҳолҳои мухталиф ва тоза намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳр саҳми арзанда гузоштанд.

Январь 30, 2017 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд