Се сокини ноҳияи Конибодом дар садамаи нақлиётӣ ҳалок гардиданд

Январь 30, 2017 15:27

ДУШАНБЕ, 30.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Конибодом се нафар ҳалок гардиданд. Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, 28 январ тахминан соати 14.00 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 48-солаи ноҳияи Исфара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Конибодом дар километри 6-уми ҳудуди деҳаи Равоти шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромад ва ба мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи сокини 21-солаи шаҳри Конибодом бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи ҳар ду мошин ва мусофири дохили «Мерседес-Бенс» сокини 21-солаи шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Инчунин 28 январ тахминан соати 19:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», сокини 21-солаи шаҳри Сарбанд ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи сокини 24-солаи шаҳри Кӯлоб бархӯрд.
Дар натиҷа, мусофири мошини тамғаи «Опел-Астра», сокини 21-солаи ноҳияи Данғара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи «Опел-Астра» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
29 январ тахминан соати 13:45 ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 29-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хоҷагии фермерӣ бархӯрд.
Дар натиҷа, худи ронанда ва се мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин дар ин рӯз тахминан соати 15:30 ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Кемри», сокини 22-солаи шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Ромит ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Чӯянгарон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири мошини мазкур сокини 24-солаи шаҳри Ваҳдат ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарист.

Январь 30, 2017 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд