Ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа-Ёвон» ба ноҳияи Ёвон сафар карданд

Февраль 27, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи барномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон як гурўҳ ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа, бахусус донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав таҳти роҳбарии сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Беҳруз Бобоев тариқи хатсайри роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа-Ёвон» ба ноҳияи Ёвон рафтанд.
Тавре Эраҷ Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҷавонон ба Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», ки 22 апрели соли 2016 бо саҳми муштараки соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ғуломов ва соҳибкорони хитоӣ дар майдони 5,2 га бо харҷи беш аз 130 млн. сомонӣ ба истифода дода шудааст, сафарбар гардида, бо кори корхона ва истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ шинос шуданд.

Февраль 27, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»