Чанд нафар корманди IRS зимни адои вазифаи хизматӣ зери тарма монданд

Февраль 20, 2017 10:38

ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 18 феврали соли равон дар километри 72-юми роҳи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, ҳафт нафар кормандони Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд. Субҳи дирўз аз ашхоси бедаракшуда се нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда, шоми ҳамин рӯз нафари дигар наҷот ёфт. Мутаассифона, чанд лаҳза пеш ҷасади 3 нафар бедаракшудаи дигар аз ҷониби кормандони филиали Ширкат ёфт гардиданд. Марҳумон коргарони фаъолу бовиҷдони ширкати IRS буда, то лаҳзаи охирини ҳаёташон ҷиҳати дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудани вазифаи хизматӣ ва бо маводи хӯрокӣ таъмин намудани нафарони аз банди тарма раҳошуда талош намуданд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти ширкати мазкур хабар дода, зикр карданд, ки аз марги кормандони худ андӯҳгин буда, ба пайвандони онҳо сабри ҷамил хоҳонанд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз низ шурӯъ аз субҳи содиқ, новобаста ба мушкилоту монеаҳои мавҷуда, кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро ҷиҳати рафъи тармаҳо вусъат бахшида, бе ист фаъолият доранд.
Ҳамватанонамон метавонанд оид ба ҳолати баамаломада ва ибтикороти ширкати IRS дар сомонаи филиали Ширкати мазкур ва воситаҳои ахбори омма ба таври муфассал маълумот пайдо намоянд.

Февраль 20, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид