Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонид

Февраль 27, 2017 18:08

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз дар Қасри миллат мулоқоти хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.
Президенти Россия Владимир Путин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар самти рушди бемайлон ва тавсеаи равобити гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ва дӯстии миёни халқҳои Тоҷикистону Россия бо ордени олии Федератсияи Россия – Ордени Александр Невский сарфароз гардонид.
Нишони орден салиби рости чоргӯшаи зарандудест,ки бо минои ёқутии гӯшаҳояш паҳн пӯшида шудааст. Кунҷҳои гӯшаҳои салиб мағзии барҷастаи борик доранд. Миёни кунҷҳои салиб расми уқоби дусара – шакли асосии Нишони давлатии Россия ҷойгир карда шудааст. Дар маркази салиб медалёни дорои мағзии барҷастаи борик тасвир шудааст. Дар майдони медалён симои княз Александр Невскийи аспсавор бо миноҳои ранга тасвир ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки бо Ордени Александр Невский ходимони барҷастаи давлатӣ ва сиёсӣ, намояндагони илм, тиб, маориф ва фарҳанг сарфароз гардонида мешаванд. Солҳои гуногун бо Ордени Александр Невский Евгений Примаков, Валентина Терешкова, Сергей Шойгу, Александр Лукашенко, Нурсултон Назарбоев ва дигарон сарфароз гардонида шуда буданд.

Указ Орден Александра Невского

32332443693_928bd5e2bb_z 33020629101_19bf0e8a5f_z

Февраль 27, 2017 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард