Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Апрель 24, 2024 09:16

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо устондор (раиси вилоят)-и Бушаҳри Эрон Аҳмад Муҳаммадизода мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба амалӣ намудани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ байни устони Бушаҳр ва Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Бушаҳр ва яке аз минтақаҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, кишоварзӣ ва тиҷорати устони Бушаҳр вохӯрӣ ва бо фаъолони иқтисодии Бушаҳр нишаст доир намуд, ки дар он зарфияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва муҳити сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин фаъолони иқтисодии Бушаҳр рағбаташонро барои ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мамлакати мо изҳор доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2024 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори иқтисодии Тоҷикистон ва Умон баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе муаррифӣ шуданд
Дар Масқат рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Раёсати Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Олмон мулоқот намуд
Қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Вена муаррифӣ гардид
Cафири нави Муғулистон дар Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супорид
Дар Ашқобод доир ба аҳамияти қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ нишасти матбуотӣ баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Дакка машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо Дабири кулли Созмони байналмилалии забони русӣ мулоқот намуд
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Густариши ҳамкории Тоҷикистону Бангладеш дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуд