Ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аввалин шуда нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро иҷро намуд

Апрель 19, 2017 10:37

ВАҲДАТ, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории кормандони ҷамоат бо ҷавонону волидайни даъватшавандагон, ҷамоати деҳоти  Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аз байни 11 ҷамоати шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр  якумин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро иҷро намуд. Дар ин бора сардори мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Чӯянгарон  Файзиддин Ҳамроҳзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҷамоати мазкур соли дуюм аст нақшаи даъватро  пеш аз муҳлат иҷро менамояд, ки як сабаби он ҳамкории наздики масъулини ҷамоат   бо сокинон мебошад.

Масъулин зикр намуданд, ки тибқи нақша 23 нафар даъватшавандаро ба сафи  Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар намуданд ва   то адои хизмати  онҳо аз ҳолашон бохабар гардида, ба онҳо кумак  мерасонанд.

Апрель 19, 2017 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»