Ҷавонони лаёқатманд-иштирокчиёни «Бозиҳои Делфӣ» мукофотонида шуданд

Май 17, 2017 16:08

ДУШАНБЕ, 17.05.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Рўзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, вохўрии Вазири фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокдорони  Бозиҳои байналмилалии Делфӣ баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, Шамсиддин Орумбекзода  зимни мулоқот  бо толибилмон-иштирокчиёни ин барномаи байналмилалӣ ва  устодони онҳо  оид ба нақшаҳои ояндаашон суҳбат намуд.

Устодон ва шогирдон  ба вазир дар бораи ташкили кабинети методӣ дар назди Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, таълими шогирдон дар навозиши оркестрӣ ва ташкили Озмуни байналхалқии вокал ба номи Аҳмад Бобоқулов   ибрози андеша  намуданд.

Сипас, ба ғолибон ва иштирокдорони  Бозиҳои XII-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 18 то 23 апрели соли 2017 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор гардида буд, ифтихорнома ва мукофоти пулии Вазорати фарҳанг супорида шуд.

Мукофоти аввал ба хонандаи синфи 8-и Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев Идибек Тошев, ки дар озмуни мазкур дар бахши созҳои миллӣ дар навозиши рубоби прима ҷои аввалро ба даст оварда буд, супорида шуд.

Инчунин иштирокчиёни  дигари  озмуни мазкур  соҳиби ифтихорнома ва туҳфаи пулӣ гардиданд. Аз ҷумла, Зарнисор Набиева, Анушервон Сангинов,  хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ,  Алиҷон Ғаффоров, донишҷўи Коллеҷи санъати шаҳри  Душанбе ба номи А.Бобоқулов — дипломантҳои  Бозиҳои Делфӣ,  Рафоат Шоазимова, Чоршанбе Аловатов, донишҷўёни Коллеҷи санъати шаҳри  Душанбе ба номи А.Бобоқулов -иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ, Барно Афзалшо,  Томирис Кишварзода,  донишҷўёни Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М.Олимов — иштирокчиёни Бозиҳои Делфӣ соҳиби мукофот шуданд.

Инчунин устодони онҳо  барои омода намудани шогирдони бомаҳорат ва роҳнамоии онҳо дар озмуни мазкур бо Ифтихорнома ва мукофоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, Манучеҳр Шарифзода,  директори Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, узви ҳакамони Кумитаи Бозиҳо, роҳбари гурўҳ, Турон Насруддинова, омўзгори сози фортепианои Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи М.Атоев, узви ҳакамони Кумитаи Бозиҳо, Азиза  Турсунова, консертмейстер ва омўзгори сози фортепианои ин мактаб-интернат, Адҳам Мансуров, омўзгори сози рубоб — примаи ин мактаб-интернат, устоди Идибек Тошев, Ванда Макиевская, омўзгори сози фортепианои Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ аз ин ҷумла  мебошанд.

 

 

 

Май 17, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид