Дар Ҷидда Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои A ва F» ба имзо расид

Май 17, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар арафаи ҷаласаи солонаи раёсати роҳбарикунандаи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои А ва  F» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани шароити зиндагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон тавассути таъмини хизматрасонии боэътимоду мустақими нақлиётӣ дар тамоми фаслҳои сол миёни минтақаҳои ғарбӣ ва шарқии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, лоиҳа ба беҳтар намудани робитаи нақлиётӣ ва рушди тиҷорат бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Хитой, Покистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст.

Лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи мошингузарро бо ду хати ҳаракат ба масофаи 58 километр пешниҳод кардааст, ки 32 километри он ба минтақаи А (байни Кӯлоб ва Ш. Шоҳин) ва 26 километри роҳ ба минтақаи F (байни Шкев ва Қалъаихумб) рост меояд.

Маблағи умумии лоиҳа 115,50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин маблағ 20 миллион доллари ИМА қарзи Бонки Исломии Рушд мебошад.

Татбиқи лоиҳа моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, соли 2022 ба анҷом мерасад.

Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Бонки Исломии Рушд президенти он Бандар ал-Ҳаҷҷар ба имзо расониданд.

 

 

 

Май 17, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд