Имрӯз, 16 майи соли 2017, рӯзи сешанбе, рӯзи 136 –уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 229 рӯзи дигар аст.

Май 16, 2017 08:00

Тақвими «Ховар»: 16 май

Имрӯз, 16 майи соли 2017,  рӯзи сешанбе, рӯзи 136 –уми сол аст. То охири соли ҷорӣ боз 229 рӯзи дигар аст.

Шукух

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 

 

 

***

-Ҳафт сол пеш, 16 майи соли 2010, дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш   Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид. Хотиррасон менамоем, ки Рӯзи дави миллӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб гузаронида мешавад.

***

Субҳи рӯзи 16 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи рӯзи 13-уми майи ҳамон сол  зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар карданд.

***

Панҷ сол муқаддам, 16 майи соли 2012 муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мулоқоти хосаи дуҷонибаи Сарварони давлати ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муҳокима гардид.

***

16 майи соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия медали тилло ба даст овард. Дилшод Назаров дар ин мусобиқа гурзро ба дурии 78 метру 49 сантиметр  партофта буд

***

16 майи соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султонов масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳангро баррасӣ намуданд.

***

16 майи соли 2015 Сафири вақти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аъзамшо Шарифӣ дар шаҳри Ҷидда бо Раиси Бонки рушди исломӣ (БИР) Аҳмад Муҳаммад Алӣ масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломиро дар заминаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

***

Ду сол қабл аз ин, 16 майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории судбахш, аз ҷумла доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва мусоидат ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуданд.

***

16 майи соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии «Авеню» Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот карданд.

***

16 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 7-уми коршиносони миллии Маркази байналмилалии иттилоотӣ-шабакавӣ оид ба мероси ғайримоддии фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Уқёнуси Ором аз кишварҳои Корея, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон вобаста ба иқдомоти «Лоиҳаи афзун гардонидани аёнияти мероси ғайримоддии фарҳангӣ дар Осиёи Миёна» оғоз гардида то 18 май идома ёфт. Ҳамзамон дар доираи вохӯрии мазкур Симпозиуми байналмилалии «Фазои фарҳангии Роҳи Абрешим ва Осиёи Марказӣ» доир шуда буд.

***

Порсол, 16 майи соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии ин кишвар мулоқот намуда, имкони дидору мулоқоти имрӯзаро ҳамчун иқдоми муҳим дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт арзёбӣ карданд.

***

Ҳаштоду ҳашт сол муқаддам, 16 майи соли 1929 аввалин бор дар ҳотели “Roosevelt” дар Ҳолливуд (ИМА) маросими супоридани Ҷоизаи ҳоло машҳури “Оскар” доир гардида буд. Ин маросим ҳамагӣ 15 дақиқа тӯл кашида, дар он қариб 250 нафар ширкат намуда буданд.

 

 

Май 16, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст