ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 14, 2024 08:00

Шаби 14 ба 15 апрели соли 1912  дар обҳои Атлантикаи Шимолӣ киштии бузурги «Титаник» ба яхпораи азим бархӯрда, ғарқ шуд. Дар натиҷаи он зиёда аз якуним ҳазор нафар ҳалок шуданд.

***

Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи Душанбе-Данғараи роҳи мошингарди Душанбе-Қулма бо нақби Хатлон ва роҳи оҳани Душанбе-Хатлон  аз наздик шинос шуданд.

***

14 апрели соли 2015 дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои илми Русия дар Тоҷикистон доир гардид.

***

14 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсият ва гиромидошти  ҷашни 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ осорхонаи ин адиб ифтитоҳ карда шуд.

 

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд.

***

14 апрели соли 2021 дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

***

14 апрели соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи илми тоҷик ва 143-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Саҳми Садриддин Айнӣ дар рушди илму фарҳанги халқи тоҷик» намоиш ва конфронси илмӣ гузаронида шуд.

***

14 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

 

***

Дар ин рӯзи соли 2022 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ»-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебову замонавӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

***

14 апрели соли 2023 Тоҷикистон ва Покистон масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

 14 АПРЕЛ:

Дар Ангола — Рӯзи ҷавонон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Сулаймон Юдаков-соли 1916- композитор, муаллифи оҳанги Суруди миллии Тоҷикистон

Апрель 14, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 ноябр, ҷумъа, 313-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, панҷшанбе, 312-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, чоршанбе, 311-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, сешанбе, 310-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст