ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст

Апрель 26, 2024 08:00

26 апрели соли 1986 дар Неругоҳи ҳастаии Чернобил садама ба амал омад, ки мудҳиштарин садамаи ядроӣ  дар таърих  маҳсуб мешавад.

***

26 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони санъати мусиқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил консерт баргузор гардид.

*** 

26 апрели соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим уғлу Гасанов ва Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд- Смит эътимоднома қабул намуданд.

***

26 апрели соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мушовири давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиераро ба ҳузур пазируфтанд.

***

26 апрели соли 2014 дар Москва ҷаласаи  Иттиҳоди ташхисгарон дар мавзуи «Коҳиши сатҳи ҷиноят дар сафи ҷавонон тавассути паст кардани талаботи маводи нашъаовар дар асоси офият ва аз нав иҷтимоигардонии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар» баргузор шуд.

***

26 апрели соли 2018 гуфтушуниди сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев зимни мулоқот дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии «Як камарбанд-як роҳ» дар Чин вазъи феълии робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ ва  таъминоти сӯзишвориро  мавриди баррасӣ  қарор доданд.

***

 26 апрели соли 2019 Портали савдои Тоҷикистон-WWW. TAJTRАDE.TJ расман ифтитоҳ гардид.

 

***

26 апрели соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар мавзуи  «Барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули «аз пештара ҳам хубтар» ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором», ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

26 апрели соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

***

26 апрели соли 2023  дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд.

26 АПРЕЛ:

Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дилбар Умарова -соли 1949- ҳунарпешаи театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон.

Апрель 26, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш