Олег Соболев, иштирокчии муҳосираи Ленинград: «Аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти мамлакат нисбат ба собиқадорони ҷанг хеле миннатдорем»

Май 8, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 08.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 72-юмин солгарди Ғалаба бар фашизм гурӯҳи намояндагон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати собиқадори ҷанг, иштирокчии муҳосираи Ленинград, собиқ корманди АМИТ «Ховар» Олег Соболев рафта, ба ӯ аз номи Сарвари давлат кумаки якдафъаинаи моддӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ расониданд. Ҳамчунин собиқадори ҷанг Олег Соболевро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аёдат намуда, ба ӯ аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ тақдим карданд.

Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқ низ дар арафаи рӯзи Ғалаба бар фашизм Олег Соболевро аёдат намуда, ӯро бо ин ҷашн табрик намуд ва барояш кумаки моддӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҳадя намуд.  Мавриди зикр аст, ки Олег Соболев аз куҳансолтарин кормандони собиқи агентии «Ховар» буда, фаъолияти беш аз нимасраи босамари меҳнатии худро дар  ин идора гузаронидааст.

Олег Соболев дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо ҳисси баланди ифтихор ва эҳтиром зикр кард: «Мо аз таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорони Ҷанги Бузурги ватанӣ миннатдор ҳастем».

Хотиррасон мекунем, ки мувофиқи Амри Сарвари давлат аз 25 апрели соли 2017 оид ба расонидани ёрии якдафъаинаи пулӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги ватанӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати онҳо роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо шомил мебошанд. Аъзои гурӯҳҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳо рафта, ба собиқадорони ҷанг аз номи Президенти мамлакат кумакпулӣ месупоранд.

Ҳамчунин Президенти мамлакат дар Амри худ ба ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо супориш додааст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба собиқадорони ҷанг кумаки моддӣ расонида шавад.

Иттилоъ медиҳем, ки дирӯз Олег Соболев ҳамроҳи ҳамсари худ Валентина Кондракова бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона ва чорабиниҳои хотиравӣ бахшида ба рӯзи ғалаба бар фашизм ба шаҳри Санкт-Петербург сафар кард. Аз собиқадорони ҷанг Олег Соболев ягона шахсест, ки дар тантанаҳои идонаи имсолаи Федератсияи Россия бахшида ба Рӯзи Ғалаба Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Олег Соболев моҳи марти соли 1959 ба идораи «ТоҷикТА» — ҳоло АМИТ «Ховар» ба кор омада, то 1 январи соли 2013 дар агентӣ кор кардааст. Ӯ дар ибтидо ба ҳайси мухбир, муҳаррир ва баъдан сармуҳаррири бахшии русии хабаргузории ҷумҳурӣ кор карда, ҳамзамон муҳарририи бахши хабарҳои иттифоқӣ ва хориҷиро ба зимма дошт.

Соли 1984 шореҳи агентӣ дар бахши илм таъйин гардид. Собиқаи умумии фаъолияти кории Олег Соболев дар АМИТ «Ховар» 54 сол ва бо ба ҳисоб гирифтани фаъолияти корӣ дар дигар нашрияҳо 59 солро ташкил мекунад. Дар ин муддат Олег Соболев даҳҳо китоб, брошюра ва маҷмӯи шеърҳоро чоп кардааст.

Олег Соболев ҳамчун иштирокчи Ҷанги бузурги ватанӣ бо мукофотҳои зиёди давлатӣ, аз ҷумла ордени «Ҷанги ватанӣ» дараҷаи 1, бо нишонҳои «Барои ҷасорат», «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои озод кардани Прага», «Барои ғалаба бар Германия» ва нишони сарисинагии «Ҳимоятгари майдони Ораниенбаум» мукофотонида шудааст.

 

 

 

Май 8, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд