Шералӣ Сиддиқзода: Фаъолияти Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити таҳсил равона шудааст

Июль 26, 2017 14:42

ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон директори иҷроияи ин ниҳод Шералӣ Сиддиқзода иброз дошт, ки Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ҳоло дар доираи ду барнома фаъолият менамояд. Инҳо марҳилаи сеюми «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва «Барномаи сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» мебошанд, ки  муҳлати ниҳоии барномаҳо охири соли равон муайян карда шудааст.

Ба гуфтаи номбурда, маблағи умумии  барномаҳои мазкур 11,7 миллион долларро ташкил менамояд, ки аз ин 7,4 миллион доллар ба вилояти Хатлон ва 4,3 миллион доллар ба ноҳияҳои минтақаи Рашт пешбинӣ шудааст.

«Мақсад ва вазифаи асосии барномаҳои «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» ва «Барномаи сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои фарогир буда, дар ҷараёни он мактабҳои лоиҳавӣ бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд»,- гуфт директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон.

Ба иттилои Шералӣ Сиддиқзода, дар доираи барномаҳо  сохтмони 28 бинои нави таълимӣ пешбинӣ шуда, биноҳо аз 8- 10 синфхона иборат мебошанд.

Июль 26, 2017 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад