Сокинони Тоҷикистон дар иди Қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Август 24, 2017 09:59

ДУШАНБЕ, 24.08.2017/АМИТ «Ховар»/.  Тибқи қарори Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон дар кишварамон иди саиди  Қурбон рӯзи ҷумъа, 1 сентябр  таҷлил мегардад. Дар робита ба ин  1 сентябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон гардидааст. Рӯзҳои 2 ва 3 сентябр, яъне шанбе ва якшанбе  тибқи тақвим дар кишварамон рӯзҳои маъмулии истироҳатиянд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Исмоил Файзизода гуфт,  «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи ид ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд,   аз ҳисоби рӯзи корӣ  рӯзи иловагӣ пешниҳод карда мешавад.  Дар соли равон иди Қурбон ба  рӯзи корӣ  рост омад, аз ин рӯ дар ҷумҳуриамон 1 сентябр рӯзи истироҳатист».

То ҷое мусаллам аст, ҳамасола дар асоси тақвим  дар Тоҷикистон 1 сентябр Рӯзи дониш ва  оғози соли нави хониш аст. Имсол ин рӯз ба иди Қурбон рост омад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш кай шурӯъ мегардад?

Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба масъулини  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Дар посух ҷавоб доданд, ки  рӯзҳои наздик  дар ҷаласаи вазорат санаи оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон муайян карда хохад шуд.

Август 24, 2017 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид