Роҳсозони ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Ноябрь 8, 2017 11:05

ДУШАНБЕ, 08.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Душанбе Анҷумани IV роҳсозони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  /ИДМ/ баргузор мегардад. Дар он  ҳудуди 300 нафар  роҳбарону намояндагон ва мутахассисони ниҳодҳои роҳсозии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла,  вазоратҳои нақлиёту коммуникатсия, ҷамъиятҳо ва анҷуманҳои роҳсозони ИДМ  ва кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Дар  ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки дар Анҷумани IV роҳсозони кишварҳои ИДМ масъалаҳои мубрами марбут ба рушд ва беҳтар намудани  шабакаи роҳҳои  миллии  кишварҳои  ИДМ баррасӣ шаванд.       Ҳамзамон дар доираи баргузории Анҷумани IV роҳсозони ИДМ ҷаласаи XXXIX Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон конфронси байналмилалии  илмӣ-амалии «Технологияҳои инноватсионӣ дар бахши роҳсозӣ» доир мегарданд.

Ноябрь 8, 2017 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд