Дар шаҳри Бохтар таҳияи Дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат баррасӣ гардид

Февраль 21, 2018 15:27

БОХТАР, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар  маркази  маъмурии  вилояти Хатлон-  шаҳри  Бохтар оид ба таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021 бо иштироки гурӯҳи кории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар семинар муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов иброз дошт, ки соли 2017 пешравиҳо дар рушди иқтисоди вилояти Хатлон  назаррасанд. Аз ҷумла, дар ин сол  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  афзуда, содироти маҳсулот нисбат ба солҳои пешин зиёд гардид.

«Зимни таҳияи  Дурнамо масъулини  бахши иқтисод  бояд  фаъолона  иштирок  намоянд  ва  таҳлилҳо  дурусту  асоснок  бошанд,  зеро он  таъсири худро  ба  рушди ояндаи  ҳамаи  соҳаҳо  мерасонад.  Ба  ин  хотир  ба  семинари мазкур мутахассисон  аз  шаҳру  навоҳии вилоят  даъват  карда  шуданд.  Дар  назар  аст  чунин  машваратҳои омӯзишӣ  дар дигар шаҳру  навоҳии вилоят низ  гузаронида  шаванд»,-изҳор намуд  Раҷабалӣ Раҷабов.

Ёдовар мешавем, ки дар кори семинар муовинони соҳавии шаҳру ноҳияҳо оид ба масоили иқтисодӣ, мутахассисони  бахши иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Февраль 21, 2018 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад