Дар Суғд Барномаи вилоятии «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» қабул гардид

Февраль 22, 2018 15:49

ХУҶАНД, 22.02.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар вилояти Суғд баҳри эҳё, рушд ва истифодаи самарабахши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон тараққӣ додани санъати куҳани аҷдодии ҳунармандӣ Барномаи вилоятии «Рушди ҳунарҳои мардумӣ» қабул гардид.

Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»,  дар асоси қарори мазкур нақшаи чорабиниҳо иборат аз 28 банд тасдиқ гардида,  масъулини сохтору идораҳои марбута вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамзамон ба ин восита ташкили ҷойҳои нави корӣ ва даромади иловагии оилавӣ барои занону духтарон, хосатан бонувони хонашин, баҳри   омӯзиш ва соҳибкасб гардидани онҳо аз ҷониби роҳбарияти вилоят тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Ҳоло дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти ташкили марказҳои ҳунармандӣ, чун қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва сўзанидўзӣ  корҳои назаррас иҷро гардидаанд.

Давоми се соли охир дар вилоят 262 маркази таълимию истеҳсолӣ, аз ҷумла,  191 маркази таълимии адрасу атласбофӣ ва 71 маркази таълимии қолинбофӣ бо фарогирии 604 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва 411 дастгоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 735 нафар ҳунармандон ба 3895 нафар шогирдон нозукиҳои ин ҳунарҳоро меомӯзонанд. Илова бар ин, дар вилоят 355 маркази таълимии хонагӣ, аз ҷумла, 192 маркази адрасбофӣ ва 163 маркази қолинбофӣ таъсис дода шудаанд. Дар ин радиф танҳо соли гузашта 45 нафар занони ҳунарманд баҳри рушди соҳибкасбӣ ва ҳунаромӯзӣ ба шогирдон соҳиби гранти раиси вилоят гардиданд.

Инчунин давоми соли гузашта тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ 4226 нафар сокинон ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, бо нозукиҳои касби қолинбофӣ 299 нафар, сӯзанидӯзӣ 23 нафар, қуроқдӯзӣ 42 нафар, гулдӯзӣ 126 нафар,  адрасбофӣ 523 нафар ва оҳангарӣ 54 нафар шинос гардиданд.

 

 

 

Февраль 22, 2018 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад