Ширкатҳои узви Палатаи савдои Америка дар Тоҷикистон омодаанд, ки дар бахши сайёҳӣ ҳамкорӣ кунанд

Февраль 15, 2018 10:06

ДУШАНБЕ, 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳо ва корхонаҳои узви Палатаи савдои Америка дар Тоҷикистон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ иброз намуданд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ин ниҳод Абдукарим Қурбонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои номбурда, ин иқдом зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо намояндагони ширкатҳо ва корхонаҳои узви Палатаи савдои Америка дар Тоҷикистон гирифта шуд.

Дар доираи мулоқот оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳодшуда ва тамоюлҳои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ муаррифнома пешниҳод карда шуд. Инчунин оид ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор маълумоти муфассал пешниҳод карда шуда, омодагии ҷониби Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҷиҳати пешниҳоди хатсайрҳо ва маҷмӯи хизматрасониҳо иброз гардид.

Доираҳои тиҷоратии узви Палатаи савдои Америка имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат, эътирофи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла, давлати амнтарин барои сайёҳон тавсия шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА, ба панҷгонаи беҳтарин шомил шудани низоми электронии дастрас намудани раводид, ба ҳафтгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳии пиёдагардӣ ва сайругаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва дигар эътирофоти байналмилалиро омили муҳими ташрифи сайёҳон ба ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа арзёбӣ намуданд.

 

 

 

Февраль 15, 2018 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд