АМИТ «Ховар» дар Остона бо Дипломи Озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» сарфароз гардид
			
					
										ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъол дар озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» бо Диплом сарфароз гардонида шуд.
Озмуни мазкурро Клуби журналистони Ассамблеяи мардуми Қазоқистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази байналмилалии «Жария» ва Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Остона эълон намуда буданд. Дар он расонаҳои иттилоотии кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дипломи озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО»-ро дирӯз, 15 марти соли 2018 дар шаҳри Остона аз номи созмондиҳандагони озмун ба директори АМИТ «Ховар» намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон супорид.
Маврид ба зикр аст, ки АМИТ «Ховар» масоил ва рӯйдодҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус дар самти муҳоҷирати меҳнатиро сари вақт ва бо маводу аксҳои ҷолиб пайваста инъикос менамояд. Бо Дипломи озмуни минтақавии «Беҳтарин инъикоси масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВАО» сарфароз шудани АМИТ «Ховар» бозгӯи ин гуфтаҳост.








						
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон  борон меборад
Дар ноҳияи Лахш  бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши  илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии  ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ  ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон    борону  барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  беш аз 92 фоиз иҷро шуд
Хонандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар се озмун ҷойи якум гирифтанд
									
									
									
									
									





