«Дастрасӣ ба иттилооти судӣ», — семинари омӯзишӣ дар шаҳри Бохтар
ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон семинари дурӯза дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ» ба кори худ оғоз намуд, ки дар он хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Мурод Сотиев низ иштирок дорад.
Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар оғози семинар Директори Маркази таълимии судяҳо дар назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳ Завқизода баромад намуда, зикр кард, ки мавзӯи семинар саривақтӣ мебошад ва дар инъикоси фаъолияти суд, дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоот ва иттилоънокии ҷомеа нақши муҳим мебозад.
«Айни ҳол дар ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо барои дастрасӣ муҳайё буда, қонунҳои марбута дастрасӣ ба иттилоотро таъмин менамоянд. Муҳим, ки кор дар самти ҳамкорӣ бо ВАО дастрасии ҷомеа ба иттилооти судӣ ва пешниҳод кардани иттилооти саҳеҳ ба ҷомеа хуб ба роҳ монда шавад»,— иброз дошт Солеҳ Завқизода.
Бояд зикр намуд, ки семинари мазкур аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон — Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид баргузор мегардад.
Дар давоми ду рӯз иштирокдорон -кормандони судҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва рӯзноманигорон оид ба табодули таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонӣ оид ба дастрасӣ ба иттилоот, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории судҳо ва ВАО, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судҳо ва ВАО маълумот гирифта, табодули назар менамоянд.
Дар кори семинар корманди калони илмии Донишкадаи фалсафаи Академияи илмҳои Россия, номзади илмҳои фалсафа Сергей Чижков низ иштирок дорад.








КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
IRS: Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф то 15 сантиметр мерасад
Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






