Академияи ВАО миёни сокинони Суғд доир ба муҳтавои барномаҳои радио, ТВ ва нашрияҳо мониторинг гузаронд
ДУШАНБЕ, 27.07.2018 АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» дар шимоли мамлакат- шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд миёни сокинон доир ба муҳтавои барномаҳои шабакаҳои радио, телевизион ва маводи нашрияҳои мамлакат назарсанҷӣ гузаронида шуд.
Аз «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи мониторинг- омода намудани тавсияҳо барои беҳтар гардидани барномаҳои радио, телевизион ва маводи рӯзномаҳо мебошад. Интизор меравад, ки чунин назарсанҷиҳо давоми соли 2018 дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузаронида шаванд.
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» моҳи марти соли 2016 таъсис дода шуда, рисолаташ такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






