АНОРИ КАЛОНИ «КАРОН»! Боғдорони Дарвоз парвариши навъи анореро ба роҳ монданд, ки вазни ҳар донааш як килограмм аст

Ноябрь 20, 2018 10:44

ХОРУҒ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз Раҳмиддин Наҷмиддинов зиёда аз 20 сол аст, ки ба парвариши дарахтони ситрусӣ машғул буда, аз ҳисоби пайвандкунӣ пайваста ба бозор навъҳои нави анор ворид мекунад. Тирамоҳи имсол ин боғпарвари соҳибтаҷриба боз як намудаи дигари анорро ба бозор баровард, ки вазни як донааш то ба як килограмм мерасад. Шарҳи хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН.

Ба гуфтаи ин боғбон, аксарияти меваҳо ба ҷуз таъми ширину бомазза, ҳамчунин  ҳар намудашон хусусиятҳои хоси шифобахшӣ доранд. Аз ин рӯ дар бозор харидорони зиёд пайдо мекунанд. Навъи нави анори «Карон» барои бемороне, ки дарди  гурда ё  санги гурда доранд, хеле фоидовар мебошад.  Анори  «Хотунӣ» ҳам, ки бештар ба бемориҳои  фишорбаландию қанд даво мебахшад, талабгорони зиёд дорад.

Номбурда мегӯяд, ки «солҳои пеш дар ин як- якуним гектар замин сабзавот кишт мекардам, аммо аз фурӯши он фоидаи кам ба даст меомад. Баъдан бо тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ин қитъаи заминро ба боғ табдил додам ва дар баробари дигар намудҳо  зиёда аз 100 бех ниҳолҳои анор шинондам. Ҳоло танҳо аз  фурӯши меваи 5 ё 6 тан дарахти анор эҳтиёҷоти солонаи оилаи худро бо орд таъмин мекунам».

Ноҳияи Дарвоз  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона ноҳияест, ки иқлимаш ба парвариши меваҳои субтропикӣ мутобиқ аст ва сокинони ин ноҳия дар ҳамкорӣ бо олимони Институти биологии Помир солҳо боз ба парвариши дарахтони лимӯ, анору анҷир ва хурмо машғул мебошанд.

Ноябрь 20, 2018 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли қолин афзоиш ёфтааст
Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои саноат ва воридоти технологияҳои нав бо намояндагони BVMW баррасӣ гардид
Бонки Осиёии рушд омодагияшро барои ҷудо намудани 500 миллион доллар барои сохтмони неругоҳи «Роғун» тасдиқ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Таъсиси Маркази тиҷоратии Тоҷикистону Эрон ва Маркази фанноварӣ ва инноватсионии рақамӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Ҷаласаи нахустини ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид
HUKUMAT.TJ. Тамоми сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин платформаи рақамӣ гузаронида мешаванд
Оё кишоварзони Тоҷикистон аҳолиро бо картошкаи ватанӣ пурра таъмин карда метавонанд?
Дар Шероз Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид
Масъалаҳои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Ҳамкорӣ дар самти рушди технологияҳои инноватсионӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон тақвият меёбад