Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли қолин афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон 1 миллиону 852,2 ҳазор метри мураббаъ қолин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 385 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Чунин иттилоъ медиҳад Агентиии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузориши вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар се моҳи соли равон.
Дар ҷумҳурӣ солҳои охир ба рушди қолинбофӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шудааст.
Ҳадафи ин барнома ҳавасмандгардонии сармоягузорон, таъсиси корхонаҳои нави қолинбофӣ, воридоти таҷҳизоти муосир, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, кам кардани маҳсулоти воридотӣ ва таъмини ҳарчи бештари бозори дохилӣ бо қолинҳои истеҳсоли ватанӣ мебошад.
Инчунин он барои рушди босуботи соҳаи қолинбофӣ, мунтазам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли қолин, тақвияти иқтидори содироти маҳсулоти тайёр, таъмини аҳолӣ бо шуғл, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо замина мегузорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд






