Дар шаҳри Хоруғ «Маркази ташхису табобати тибби муосир» ифтитоҳ гардид

Декабрь 17, 2018 11:40

ХОРУҒ, 17.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои муҳташами Маркази ташхису табобати тибби муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои масъулини соҳа, ҳоло Маркази тиббӣ  ба хизматрасониҳои  машваратӣ ва ташхисӣ шурӯъ намуда, аз моҳи апрели соли 2019  дар Марказ  бахши статсионарӣ пурра ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳадаф аз ташкили марказ, пеш аз ҳама,  мутобиқ кардани хизматрасонии тиббӣ ба меъёрҳои муосири тиббӣ дар ин минақа мебошад.

Марказ дорои 52 кати хоб буда, барои табобати беморон шароити сатҳи баланди муолиҷа фароҳам гардидааст. Таҷҳизоти муосири Марказ имконият медиҳанд, ки ташхиси беморон дақиқу дуруст гузаронида шавад.

Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаи тиббӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд. Зикр гардид, ки корҳои сохтмонии ин иншоот 25 майи соли 2017 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонии меъморӣ қомат афрохт. Раванди корҳои созандагиро ширкати «Транс-Хоруғ» бар зимма дошт. Маркази ташхису табобати тибби муосир бо пешрафтатарин таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё самаранок истифода карда мешаванд, ҷиҳозонида шудааст.

Ба  корҳои сохтмонии Маркази тиббӣ 300 нафар мутахассисони маҳаллии ноҳияҳои вилоят ба кор ҷалб карда шуданд. Маркази тиббии мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.  Барои сохтмони он Бунёди Оғохон 24 миллион доллар ҷудо намуд, ки  беш аз 15 миллион доллари он барои хариди таҷҳизот сарф гардидааст. Маркази ташхису табобати тибби муосир дар шаҳри Хоруғ дар майдони 2 гектар доман густурда, бо қомат афрохтани бинои  муҳташам боз як  гӯшаи ноободи шаҳр обод шуда, ба симои он ҳусни дигар зам гардид.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур изҳор намуд, ки «бунёди ин марказ яке аз намунаҳои беҳтарини ҳамкории Ҳукумати кишвар бо бахши хусусӣ ба хотири баланд бардоштани некуаҳволии мардум аст. Аз хизматрасонии ин марказ ҳамчунин сокинони ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баҳраманд хоҳанд гашт.  Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо ҳамсояҳои дуру наздики худ равобити мутақобилан судманд ба роҳ монад ва ҳарду ҷониб аз ин ҳамкорӣ манфиати баробар бардоранд. Ин муассисаи тиббӣ дар минтақа ҳамчун як маркази  устувори соҳаи тандурустӣ хизматрасониҳои  тиббиро бо сифати баланд ва сари вақт ба ниёзмандон пешкаш менамояд».

Шуъбаи озмоишӣ бо таҷҳизоти  ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, бо сифати баланд ташхиси  биокимиёвӣ, гематологӣ, серологӣ, микробиологӣ ва ситологиро таъмин хоҳад кард. Дар  Маркази тиббӣ 56 нафар мутахассисони  соҳибтаҷриба ба кор қабул шудаанд. Дар сурати пурра ба кор оғоз кардани марказ шумораи табибон ба 130 нафар расонида шуда, онҳо дар бахшҳои мухталиф ба маризон хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар назар аст, ки бо истифода аз  тибби фосилавӣ марказ бо Беморхонаи  шаҳраки «Шифобахш»-и пойтахти мамлакат ва беморхонаҳои бонуфузи дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Декабрь 17, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»