Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншоот дар пойтахт боздид намуд

Февраль 18, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 18.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим якҷоя бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти саноатӣ, маҷмааи варзишию ҳавзи шиноварӣ ва теннис, ки дар шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, дидан намуд.

Имрӯзҳо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи оби ошомидании «Сиёма» босуръат идома дошта, моҳи июни соли равон қисмати оби ошомиданӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 тонна/соат барои истифода омода мегардад. Ба истифода додани хати шароббарории ин корхона  давоми соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва насбу васлкунии таҷҳизот дар комплекси варзишии теннису шиноварӣ низ бо маром идома доранд. Тибқи нақша, ба истифода додани ин маҷмаа моҳҳои июл-августи соли равон пешбинӣ гардидааст. Муовини Сарвазир аз ҷараёни корҳо изҳори нигаронӣ намуда, таъкид дошт, ки дар баробари суръат сифати корҳои сохтмонӣ низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ бошанд.

Дар корхонаи муштараки ширкати «Авесто-групп» бо ширкати «Артел»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Соли равон ба истифода додани ду хатти истеҳсоли чангкашак ва яхдон ба нақша гирифта шудааст.

Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «АКIA-AVESTO» оид ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои мусофиркаш, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд гардида истодааст, мутахассисони туркӣ ва маҳаллӣ дар якҷоягӣ фаъолият мекунанд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, айни замон фаъолияти корхона дар робита ба иҷрои фармоишҳои дохилӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти минбаъда паҳлуҳои дигари ҳамкорӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки автобуси аввал ҷамъу васл гардида, тибқи дастуре, ки Сарвари давлат дода буданд, дар яксолагии фаъолияти корхона барои мусофиркашонӣ дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе равона мегардад.

Ҳамчунин муовини Сарвазир аз минтақаи саноатии шаҳри Душанбе низ дидан намуд. Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки гарчанде корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи корхонаҳои бунёдшаванда асосан оғоз шуда бошанд ҳам, аммо на дар ҳамаи онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Вобаста ба ин муовини Сарвазир ба масъулини ширкатҳои сохтмонӣ дастур дод, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ тақвият бахшида, ҷиҳати сари вақт ба истифода додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини Сарвазир махсус зикр намуд, ки аксари маҳсулоти саноатие, ки истеҳсоли онҳо дар корхонаҳои саноатии дар ҳудуди пойтахт бунёдшаванда ба нақша гирифта шудаанд, маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд.

Февраль 18, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вохӯрии минтақавии ниҳодҳои пешбарандаи содироти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раиси Бонки миллии Швейтсария роҳҳои тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд