Футбол: дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Ҳуа Шан-2019» ширкат меварзад

Апрель 5, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 05.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) ширкат меварзад. Футболбозони мамлакат  таҳти роҳбарии сармураббӣ  Аҳлиддин Турдиев ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Барои иштирок дар мусобиқаи мазкур 22 футболбоз аз Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайати дастаи мунтахаб интихоб шуданд. Мусобиқа аз 6 то 10 апрели соли равон дар шаҳри Вэйнан гузаронида мешавад.

Дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан-2019” ба ғайр аз дастаи мунтахаби  Тоҷикистон инчунин Қирғизистон, Мйанма ва Чин-мизбони бозиҳо иштирок мекунанд. Мусобиқа дар як давр гузаронида мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) чунин аст:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Зафар Шарифов;

Муҳофизатгарон: Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Рамзиддин Нарзуллоев, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло;

Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Бежан Нишонбойзода, Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев, Абдулфатоҳи Худойдодзода;

Ҳамлаварон: Муҷовид Шовайсудинов, Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Муҳаммадворис Саидалиев, Аминҷон Раҳмонов.

Тақвими бозиҳо чунин шакл гирифтааст:
6.04.2019.

Даври 1

13:00. ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
16:35. Чин – Мйанма

Даври 2

8.04.2019

13:00. Мйанма – ТОҶИКИСТОН
16:35. Қирғизистон – Чин

Даври 3

10.04.2019

13:00. Қирғизистон – Мйанма
16:35. Чин – ТОҶИКИСТОН

Соати баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе иншон дода шудааст.

Апрель 5, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 958 медал ба даст оварданд