Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид

Апрель 8, 2019 13:03

ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи  тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар мусобиқоти мазкур Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм шурӯъ намуд. Сараввал  паҳлавони тоҷик  бар   варзишгарони Молдавия Мокану Лурие  ва Эстония Калюлаид Клен Кристофер ғолид омад. Дар марҳилаи чорякниҳоӣ Комроншоҳ аз рақиби гурҷии худ Чрикишвили Автандили, ки дар раддабандии вазни 90 кг мақоми 45-умро соҳиб мебошад, ғайриинтизор мағлуб гардид. Аммо бо ин нокомиаш Комроншоҳ мусобиқаро тарк нанамуд ва ба марҳилаи дигар гузашт. Дар ин марҳила варзишгари тоҷик бар ду ҳарифи худ- Ягор Варапаев  ва  Голан Итай дастболо гардида, сазовори медали биринҷӣ  шуд.

Ёдовар мешавем, ки  Комроншоҳи Устопириён   дар мусобиқоти Гран При Анталия бори сеюм аст, ки    соҳиби медали ифтихорӣ мегардад. Қаблан соли 2017 дар ҳамин мусобиқот соҳиби медали нуқра шуда, соли 2018 чемпиони мусобиқоти Гран При Анталия гардида буд.

Апрель 8, 2019 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд
Паҳлавонони тоҷик «Ulaanbaatar Grand Slam-2025»-ро бо як медали нуқра ҷамбаст намуданд
Марҳилаи якуми даврҳои омӯзишӣ оид ба барномаи литсензияи «B» идома дорад
Имрӯз мусобиқаи байналмилалии «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо оғоз меёбад
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ 2 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Малдив дар Хуҷанд баргузор мешавад
Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарони то 17-соларо мизбонӣ менамояд
Пагоҳ дар Душанбе маросими қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мегардад
Намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё варзишгоҳи Турсунзодаро тафтиш намуд
Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Шоми бокс» баргузор мешавад
Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд