БОЗ ЯК ҚАДАМИ МУАССИР ДАР РОҲАНДОЗИИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нахустин шуда, Портали савдои кишварро роҳандозӣ намуд!

Май 11, 2019 12:40

ДУШАНБЕ, 11.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  роҳи ташаккули  Ҳукумати электронӣ  ва рақамикунонии  иқтисодиёти мамлакат қадамҳои муассир мегузорад. Фаъол гардидани Портали савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон www.tajtrade.tj, ки  дар миқёси  кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин аст, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, ки дар расми ифтитоҳи портали мазкур дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд, чунин шарҳ медиҳад.

 

       Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба Ҳукумати электронӣ

Дафъатан бояд тазаккур дод, ки мафҳуми «ҳукумати электронӣ» дар миқёси ҷаҳон падидаи нав аст ва охири солҳои 90-ум дар натиҷаи рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ба майдон омадааст. Нахустин бор ин мафҳум дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори омма ва  адабиёти илмӣ соли 1991 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка пайдо шудааст. Баъдан дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта стратегия ва барномаҳои  ташаккул ва рушди ҳукумати электронӣ қаьбул гардиданд.   Соли 2003 шуъбаи идораи давлатӣ ва рушди Созмони Милали Муттаҳид  ба таҳқиқи омодагии давлатҳо  ба таъсиси Ҳукумати электронӣ шуруъ накмуд, ки аз рӯи натиҷаҳои он ҳар сол раддабандии (рейтинги) кишварҳои олам тартиб дода мешавад.

Корҳои омодагӣ ба роҳандозии Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси бевосита ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидаанд. Худи ҳамон соли 2003 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз нахустин чунин санадҳои бунёдгузор дар ин самт маҳсуб меёбад. Дар асоси ин стратегия бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004  Барномаи давлатии рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои итиилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008 Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ниҳоят соли 2011 Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардиданд .

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи суханрониҳои барномавиашон аз таҷрибаи кишварҳои мутарққии ҷаҳон ёдовар шуда, роҷеъ ба аҳамияти татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таъкид менамоянд. Аз ҷумла дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олии мамлдакат 26 декабри соли 2018 чунин изҳор намуданд: «Бо дарназардошти равандҳои муосир, мо бояд корро ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ вусъат бахшем».

Ва ниҳоят, дирӯз, 10 майи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар бори дигар таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба аҳамияти ин масъала ҷалб намуда,  супориш доданд, ки   ҷиҳати  «татбиқи технологияҳои рақамӣ, ки таъсири омили инсониро бартараф месозад, чораҷӯӣ карда шавад». Бино ба маълумоти Сарвари давлат,  имрӯз бо истифода аз барномаи компютерии “Утоқи шахсии андозсупоранда” зиёда аз 80 ҳазор андозсупорандагон эъломияҳои худро бо тартиби мазкур пешниҳод карда истодаанд. «Бо дарназардошти ҷорӣ намудани барномаҳои дигари рақамӣ муносибатҳои байни андозсупорандагон ва мақомоти андоз дар низоми маъмурикунонии андоз бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шаванд. Илова бар ин, ташкили низоми иттилоотии ягонаи мақомоти гумрук, аз ҷумла тақвият бахшидан ба низоми идораи хавфҳо ва назорати гумрукӣ бояд самаранок татбиқ гардида, ҳамзамон бо ин, корҳо дар самти ташкили низоми “Равзанаи ягона” ва “Истгоҳи ягона” давом дода шаванд», — гуфтанд Пешвои миллат ва илова нмуданд: «Зарур аст, ки расмиёти маъмурии танзими савдои беруна аз ҷониби Хадамоти гумрук, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти алоқа ва дигар сохторҳои дахлдор дар доираи низоми “Равзанаи ягона” ҳарчи зудтар ҳамоҳанг карда шавад».

Портали савдо —  пуле  миёни мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон

Портали савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки беш аз сад нафар намояндагони вазорату идораҳои кишвар, доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд,  намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ, ВАО  ва мутахассисону коршиносони технологияҳои коммуникатсионию  иттилоотӣ ба таври расмӣ бо пахши тугмача ифтитоҳ гардид, байни мақомоти давлатӣ ва субъектони  фаъолияти иқтисоди хориҷӣ пулеро мемонад. Мусаллам аст, ки Портали савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ, бо кумаки молиявии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва дигар шарикони рушд, назири  Барномаи Рушди Созмони Милали  Муттаҳид /СММ/  ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ таҳия гардидааст.

Ифтитоҳи Портали савдо — нахустин таҷриба дар фаъолияти савдои хориҷии Тоҷикистон

Дар маросими тантанавии роҳандозии портали савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали  Вазири рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Завқӣ Завқизода гуфт, ки «Портали савдои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти иқтидори содирот ва содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шудааст».

Зикр гардид, ки Портали савдои Тоҷикистон таҷрибаи нахустин дар фаъолияти савдои хориҷии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд имконияти гирифтани маълумотро вобаста ба расмиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитии 39 гурӯҳи молии тахминан баробар ба 1500 молу маҳсулот фароҳам меорад.

Мусоидати портал дар сода гардонидани расмиёти содиротии маҳсулоти ватанӣ

Портали савдо бо супориши Пешвои миллат бо мақсади  сода ва беҳтар гардонидани расмиёти содиротии маҳсулоти ватанӣ, диверсификатсияи содирот ва баланд бардоштани иқтидори он таҳия шудааст. Портали савдо дар доираи    Барномаи давлатии мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи мутобиқгардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба узвият дар Созмони Ҷаҳонии Савдо роҳандозӣ  гардидааст,- гуфт муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода. Аз нигоҳи ӯ,  алҳол  як қисми барномаҳои муштарак бо Созмони Ҷаҳонии Савдо қариб сад фоиз татбиқ гардида, қисмати дигари  барномаҳо оид ба диверсификатсияи содироти маҳсулоти  ватанӣ  ва афзоиши иқтидори он дар марҳилаи татбиқи муваффақона  қарор дорад. Дар натиҷаи амалӣ намудани ҳадафҳои ин барномаҳо имрӯз содироти маҳсулоти ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ аз 20 фоизи соли 2015  дар соли 2018 то 25,4 фоиз афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳандаҳо қаноатмандкунандаанд.

Дар таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ нақши портал муҳим аст

Завқӣ Завқизода афзуд, ки Портали савдои Тоҷикистон метавонад ба  тақвияти ҳамгироии минтақавии Осиёи Марказӣ такон бахшида, бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ба баланд бардоштани тавозуни савдо байни кишварҳои минтақа  мусоидат намояд. Дар ин самт Портали савдо имкон медиҳад, ки на танҳо ҳаҷми савдои минтақавӣ, балки савдои байниминтақавӣ низ  афзоиш ёбад. Аз Портали савдо на танҳо  шаҳрвандони Тоҷикистон, балки  кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ манфиатдор хоҳанд буд, зеро он ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор имкон медиҳад, ки дастрасии доимиро ба иттилоот дар бораи сатҳи талабот, иқтидори тиҷоратии Тоҷикистон дар содирот ва баръакс дошта бошанд.

Тоҷикистон ба 40 кишвари ҷаҳон маҳсулот содирот  менамояд

Зимни ифтитоҳ ва рӯнамоии Портали савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоролик  манзури  иштирокдорони маросим гардонида шуд, ки тавассути он Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода роҷеъ ба муҳимияти портали мазкур дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ибрози назар намуда, гуфт: «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо зиёда аз 110 давлати дунё  робитаҳои иқтисодии хориҷиро ба роҳ монда, маҳсулоти истеҳсолии Тоҷикистон ба 40 давлати дунё содирот карда мешавад. Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони Ҷаҳонии Савдо  /СҶС/ мебошад».

Вазир афзуд, ки дар  маҷмӯи татбиқи тадбирҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати  савдои хориҷӣ  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  омода ва мавриди амал қарор дод, ки дар он расмиёти савдо,  тамоми талабот барои ҳуҷҷатгузории ин амалиёт, маълумот дар бораи молҳои истеҳсоли ватанӣ, бозорҳои  фурӯш дар  дохил ва  хориҷи кишвар ҷой дода шудааст.

Пешниҳоди маълумот ба 39 номгӯй молҳои  истеҳсоли ватанӣ

Портали  савдо ҳамчун як воситаи нави муносибатҳои  байни  мақомоти давлатӣ ва  бахши хусусӣ арзёбӣ мегардад,- таъкид кард Неъматулло Ҳикматуллозода.  Зикр гардид, ки дар марҳилаи  аввал дар портал маълумот оид ба 39 номгӯй молҳои истеҳсоли ватанӣ ҷой дода шудааст  ва бо назардошти афзоиши истеҳсолоти ватанӣ дар доираи татбиқи Ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати мамлакат номгӯи молҳои содиротии кишвар дар он афзоиш меёбад.  Фаъолияти портали мазкур имконият  медиҳад, ки    шаффофияти расмиёти савдо, хароҷоти вақт ва маблағҳои барои субъектони  фаъолияти иқтисоди хориҷӣ таъмин гардад.  Роҳандозии портали савдо барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он ба кишварҳои хориҷӣ  нақши муассир мегузорад.

Дар портал  ҳуҷҷатҳои ба расмиятдарории гумрукӣ ҷой дода шудаанд

Ҳамзамон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  мегӯяд, ки ифтитоҳи  Портали савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  имконият медиҳад  ҳадафҳои асосии Созишномаи Созмони Ҷаҳонии Савдо /СҶС/  оид ба содагардонии расмиёти савдо амалӣ гардад. Дар ин портал  ҳуҷҷатҳои ба расмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт  низ дарҷ гардидаанд.  Бо  фаъол гардидани портал  ҳуҷҷатҳо,  пардохтҳо ва дигар монеаҳо, ки ба талаботи қоидаҳои СҶС мутобиқат намекунанд, аз ҷониби вазорату  идораҳои  марбутаи давлатӣ бартараф карда мешаванд. Дар самти мусоидат  ба савдо, коҳиш додани хароҷот, интиқоли бемамониати нақлиёт тавассути сарҳад ва баланд бардоштани  рақобатпазирии тиҷорат Портали савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақши муҳим мебозад,- мегӯяд Хуршед Каримзода.

Портал ба интиқоли молу маҳсулот тавассути долонҳои транзитӣ сабукиҳо фароҳам месозад

Муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзозода  тариқи видеоролик доир ба дастовардҳои нақлиётчиёни  кишвар дар самти татбиқи  яке аз чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  табдил додани  Тоҷикистон ба давлати воҳид  ва дорои долонҳои бузурги транзитӣ  ва логистикӣ  ибрози назар карда, гуфт, ки дар зарфи  солҳои охир дар Тоҷикистон 2700 км роҳҳо,  31 км нақб  ва  430  пул таҷдид, бунёд ва барқарор карда шуданд, ки аз он 2100 км бо маблағҳои инвеститсионӣ таҷдид,  бунёд  ва барқарор гардидаанд.  Сӯҳроб Мирзозода афзуд, ки ифтитоҳи Портали савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабук намудани низоми савдо барои соҳибкорон, хусусан интиқоли молу маҳсулот тавассути долонҳои транзитии кишвар ва афзоиши ҳаҷми содироту воридот мусоидат менамояд. Портали савдо имконияти хубест  байни вазорату идораҳо  ва бахши хусусӣ, зеро муҳим нест, ки дигар соҳибкорон рафта, дар пушти дари шахсони масъул барои гирифтан ва пур кардани санадҳои  зарурӣ мунтазир шаванду вақти пурқимати  худро сарф намоянд. Онҳо имкон доранд, ки барои пешбурди фаъолияти худ аз портали савдо   самаранок истифода намуда,  маълумот ва санадҳои зарурӣ дастрас намоянд.

Портали савдо — лоиҳаи  муввафақест

«Имрӯз як чорабинии хеле  муҳим – ифтитоҳи Портали савдои Тоҷикистон мебошад, ки он раванди расмиёти савдоро ба таври чашмрас  бо усули  муосири рақамӣ  сода мегардонад. Ва агар дар ёд дошта бошед, Президенти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар мо бояд чунин иқдомҳо    бештар амалӣ гардонида шаванд ва Портали мазкур лоиҳаи мувафаққест ва мо ин иқдомро некбинона истиқбол менамоем»,- гуфт дар маросими ифтитоҳи Портали савдои Тоҷикистон   муовини директори минтақавии Дафтари  Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Корин Деманж.

Ба андешаи мушовири калон оид ба мусоидати тиҷорат дар Маркази байналмилалии тиҷорат Муҳаммад Саид, бо зер кардани суроғаи сомона он тамоми  иттилоот ва маълумоти зарруриро пешниҳод менамояд. Барои ин Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро зарур  аст, ки дар зарфи ду соли оянда порталро навсозӣ ва коркард кунад. «Аз нуқтаи назари устувории лоиҳа зарур аст, ки иттилоотро, новобаста дар кадом сатҳ қарор доштанаш,  пешниҳод кард. Маълумот  дар он сурат мукаммал мегардад, ки  он такмил ва навсозӣ гардонида шавад. Ва ман бояд ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  барои саҳмаш дар ташкили ин портал арзи сипос кунам. Аммо дар назди вазорат   ҳанӯз корҳои зиёде меистанд, ки порталро бояд бо  иттилооти нав ва мукаммал  таъмин намоянд»,-афзуд Муҳаммад Саид. Ба гуфтаи ӯ, ҳар як вазорат ва ё идораҳои соҳавӣ, ба мисли Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа  ва ғайра саҳми худро дар навсозии минбаъдаи портал ва рушди он бояд гузоранд.

 Мусоидати портал дар татбиқи барномаи рушди содирот

Тавре муовини намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Саня Боянич зикр намуд, Портали савдо заминаи мусоид барои  татбиқи барномаи рушди содирот, ки барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегӣ буда, аз ҷониби БРСММ бо кумаки Ҳукумати Финляндия маблағгузорӣ мешавад. Портали савдои Тоҷикистон бояд барои 6000 истеҳсолкунандагони барномаи СММ оид ба татбиқи низоми иттилоот дар Тоҷикистон заминаи мусоид гардад.  Дар ин росто, истифодаи портал бояд сода ва фаҳмо бошад».

Портали савдо — нахустин махзани иттилоот дар низоми иқтисодиёти  Тоҷикистон

«Мо инчунин Тоҷикистонро дар робита ба рақамикунонӣ дастгирӣ мекунем. Дар сатҳи Шӯрои вазирони 50 кишвар мо Созишномаро оид ба рақамикунонии иқтисодиёт имзо кардем, ки  дар он  рақамикунонии иқтисодиёт барои дастрасии соҳибкорон ба иттилоот дарҷ гардидааст. Мо ҳамзамон тасмим дорем, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро дар рақамикунонии иқтисодиёт ва таҳияи консепсияи он дастгирӣ намоем»,- гуфт Филиппо Кривеларо, сардори идораи иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА.

Воқеан Портали савдои Тоҷикистон  аввалин махзани иттилоот дар низоми иқтисодиёт дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, дар он маълумот дар  бораи низоми тиҷоратии ҷумҳурӣ ва фаъолияти савдои хориҷӣ гирд оварда шудааст, ки он ба субъектони  фаъолияти иқтисоди хориҷӣ сабукиҳо фароҳам оварда, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

                                                   Марзия САИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 11, 2019 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи самти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ гардид
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ намуданд
Роҳбарони мақомоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тошканд ҷамъ омаданд
26 АПРЕЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ. Бахшида ба он Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон доир гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд