Футбол: пешсафон дар даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ ғалаба карданд

Май 6, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 06.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пешсафони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар даври панҷум ба ғалаба ноил шуданд. «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар «Панҷшер»-ро  бо натиҷаи калони 5:1  мағлуб кард. Аловиддин БӮРИЕВ  шарҳ медиҳад.

Бозиҳои даври панҷум  рӯзи шанбе баргузор шуданд. Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол» дар варзишгоҳи Ӯктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳузури 4 000 тамошобин соҳибони майдон- дастаи «Панҷшер»-ро маҷбур кард, ки ба бохти сеюмаш дар мавсими соли 2019 рӯ ба рӯ шавад. Тӯбҳоро  Муҳаммадҷон Раҳимов (1:0, 17) Шериддин Бобоев (2:0, 25), Ҷалил Кимсанов (3:0, 29), Алишер Ҷалилов (4:0, 33) ва Аҳтам Назаров (5:0, 60) аз дастаи «Истиқлол»  ва Саидҷон Шарифов аз «Панҷшер» ба нишон расониданд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар ин давр бо дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати соли гузашта –«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ қувва санҷида, бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард ва мавқеи худро дар зинаи дуввум мустаҳкам намуд.

Аввалин ғалабаи худро дар мавсими соли равон КМВА «Помир» дар сафар ба даст овард. Шогирдони Рустам Хоҷаев «Истаравшан»-ро дар майдонаш бо натиҷаи 2:1 шикаст доданд. «Истаравшан», ки баробари оғоз ёфтани Чемпионат ба ҳайси яке аз дастаҳои довталаб ба медалҳо муаррифӣ мешуд, пай дар пай дар се бозии охир ба мағлубият дучор мешавад ва бохти чорум ин дастаро ба зинаи охири ҷадвали мусобиқот фаровард.

Дар ин давр ягона бозие, ки бо натиҷаи баробари 2:2 анҷом ёфт, дар рақобати байни дастаҳои «Хатлон» ва «Регар-Тад-АЗ» ба қайд гирифта шуд. Дастаи «Регар-ТадАЗ» бартарии ду голи задаашро дар варзишгоҳи «Пахтакор» то ба анҷом нигоҳ дошта натавонист  ва бохтариҳо дар дақиқаи 5-уми вақти иловагӣ ҳисобро баробар карданд.

Дар ин воӯхӯрӣ се нафар бозингарон барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон ронда шуданд. Абдухалил Боронов («Хатлон»), 81 – барои зарба задан бо сар ба рӯи ҳариф, Равшан Азизов («Хатлон»), 81 – барои зарба задан бо даст ба рӯи ҳариф, Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»), 81 – барои зарба задан бо сар ба рӯи ҳариф.

Кумитаи одоби ФФТ қарори худро дар мавриди дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ рӯзҳои наздик ба нашр хоҳад расонд.

То анҷоми марҳилаи аввали мусобиқа ду даври дигар боқӣ монд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 1:5

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 17 (0:1). Шериддин Бобоев, 25 (0:2). Ҷалил Кимсанов, 29 (0:3). Алишер Ҷалилов, 33 (0:4). Аҳтам Назаров, 60 (0:5). Саидҷон Шарифов, 75 (1:5)

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Куайе Годсон (Бахтиёр Неъматов, 46), Шероз Абдуллоев, Маҳмадраҷаб Ҷобиров, Шоҳрух Раҷаматов, Абдулатиф Тоҷиахмедов (Шавкат Худойназаров, 46), Ҳасан Холов, Саидҷон Шарифов, Ҷӯрабек Юсуфов, Марифҷон Марифбоев, Маҳмуд Ғаюров, Хайриддин Тӯрахонов (Хуршед Абдуллоев, 66).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Бахтиёр Қаландаров, Ҷалил Кимсанов (Табрези  Давлатмир, 56), Зоир Ҷӯрбоев, Искандар Ҷалилов, Ахтам Назаров, Алишер Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 63), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 46), Шериддин Бобоев

Огоҳӣ: Абдулатиф Тоҷиахмедов, Шохрух Раҷаматов, Шероз Абдуллоев («Панҷшер»), Бахтиёр Қаландаров, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»).

Бозингари беҳтарин: Аҳтам Назаров («Истиқлол»).

Довар дар майдон: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).

4 ма1. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи  Ӯктам Маматов. 4000 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 2:1

Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 38 (1:0). Дилшод Бозоров,  65 (2:0). Амирҷон Сафаров, 82 (2:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Давронҷон Эргашев, Ойбек Абдугаффоров, Асилҷон Бегимкулов, Манучеҳр Ахмедов (Фирдавс Чақалов, 59), Торнике Ҷимшелеишвили (Соҳибҷон Хакимов, 88), Комрони Мирзонажод, Бахтиёр Чориев, Дилшод Бозоров, Турсуналӣ Рустамов (Дилшод Восиев, 64), Ҷахонгир Эргашев.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Беҳрӯз Хайриев, Аҳтам Холбоев (Баҳром Уразов, 46), Принс Артур, Холмурод Назаров, Султоншо Мирзоев, Мунир Давлатбеков (Азизбек Султонов, 46), Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов, Мӯҳсин Абдугаффоров, Амирҷон Сафаров, Мехроҷиддин Музаффаров (Саидмухтор Азимов, 72).

Огоҳӣ: Комрони Мирзонажод («Хуҷанд»).

Бозингари беҳтарин: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Довар дар майдон: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Дилшод Назипов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

4 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи  «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 5200 тамошобин.

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 6 (0:1). Алишер Холмуродов, 57 (0:2). Абдухалил Боронов, 79 (1:2). Нуриддин Ҳамроқулов, 90+5 (2:2).

«Хатлон» (Бохтар): Хомидҷон Исоқов, Равшан Азизов, Муҳаммад Насков, Алишер Баротов, Ҳусейн Нурматов, Эраҷ Раҷабов, Худойдод Узоқов (Парвиз Ахунов, 86), Сорбон Авгонов (Умарҷон Шарипов, 38), Кароматулло Саидов, Маҳмадалӣ Содиқов (Нуриддин Ҳамроқулов, 46), Абдухалил Боронов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Алишер Холмуродов, Саидамири Саидаҳмад, Ҳикматулло Расулов, Акбар Бобомуродов, Нозим Бобоҷонов, Акбари Шелдари Араш (Алишер Шарифов, 80), Расул Файзов (Рамазон Ҳабибуллоев, 90+1), Шерзод Маҳамадиев, Ҳасан Рустамов, Наврӯз Рустамов.

Огоҳӣ: Худойдод Узоқов, Равшан Азизов, Ҳусейн Нурматов («Хатлон»), Нозим Бобоҷонов, Наврӯз Рустамов, Шерзод Маҳамадиев, Ҳасан Рустамов («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон ронда шуданд: Абдухалил Боронов («Хатлон»), 81 – барои зарба задан бо сар ба рӯи ҳариф, Равшан Азизов («Хатлон»), 81 – барои зарба задан бо даст ба рӯи ҳариф, Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»), 81 – барои зарба задан бо сар ба рӯи ҳариф.

Бозингари беҳтарин: Худойдод Узоқов («Хатлон»).

Довар дар майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

4 май. Бохтар. Варзишгоҳи  «Пахтакор». 2000 тамошобин.

«Истаравшан» – КМВА «Помир» – 1:2

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 13 (0:1). Далер Ёдгоров, 67 (0:2). Бахтовар Зокиров, 90+2 (1:2).

«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Тулкинҷон Умаров, Фирӯз Қараев, Қаҳрамон Ҳомидов, Азизҷон Шамсиев (Фаридун Деҳқонов, 46), Ҷамшед Ҳасанов, Диловар Бойқӯзиев, Отабек Каримов (Насим Расулов, 72), Абдураҳмон Қурбонов (Бахтиёр Абдураҳмонов, 46), Бахтовар Зокиров, Илхомҷон Баротов.

КМВА «Помир» (Душанбе): Егор Хохлов, Алиҷон Кароматуллозода, Идибек Ҳабибуллоев, Доробҷон Эргашев, Оятулло Сафаров, Шервони Мабатшоев, Шарафҷон Солеҳов (Комрони Мирзохон, 72), Шамсиддин Қосимов, Абдулмӯмин Забиров, Эйя Эдвард (Далер Ёдгоров, 65), Шодибек Ғаффоров (Ваҳдат Ҳанонов, 28).

Огоҳӣ: Фаридун Дехқонов, Каҳрамон Ҳомидов («Истаравшан»), Шарафҷон Солехов (КМВА «Помир»).

Бозингари беҳтарин: Шамсиддин Қосимов (КМВА «Помир»).

Довар дар майдон: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қубодиён).

Комиссари бозӣ: Фаррух Ҳусейнзода (Ҷалолиддин Балхӣ).

4 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.

 

Нишонзанҳо: Бахтовар Зокиров («Истаравшан») – 4, Фатҳулло Фатҳуллоев, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳама аз  «Истиқлол»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») –  3 тӯбӣ.

Май 6, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук соҳиби медали тилло гардид
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ дар ноҳияи Данғара муайян гардиданд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи 12-ум Суперҷоми Тоҷикистонро соҳиб гардид
QAZAQSTAN BARYSY GRAND SLAM 2024: Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
ФУТБОЛ. Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мегардад
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар шаҳри Турсунзода доир мешавад
Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо соҳиби медали тилло гардид
Ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардид
Ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид
Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад