Намоиши осори рассомони ҷавон таҳти унвони «Пайроҳаи мерос. Силуэт- наққошии минётурнигорон» ифтитоҳ меёбад

Октябрь 31, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар толори намоишгоҳи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши осори рассомони ҷавон таҳти унвони «Пайроҳаи мерос. Силуэт- наққошии минётурнигорон» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоиш ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.

Мақсад аз баргузории намоиши мазкур  рушди санъати минётурнигорӣ, тарғиби ин намуди санъат ва дастгирии рассомони ҷавон маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки намоиш соати 17:00 оғоз мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки  дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 мактаби минётурнигории Ҳирот таъсис ёфта буд, ки Камолиддини Беҳзод намояндаи бузургтарини ин мактаби эҷодӣ мебошад.

Камолиддин Беҳзод дар Шарқ бо лақаби «Монии Сонӣ» ва дар Ғарб бо номи «Рафаэли Шарқ» низ маъруф буда, дар ин давра ӯро «қоиди мусаввирон», «ягонаи даврон» ва «нодири даврон» меномиданд.

Реализми осори Камолиддини Беҳзод бештар дар нигоришҳое падидор мешавад, ки ҳаёти воқеии халқро ифода мекунанд. Камолиддини Беҳзод инчунин баъзе лавҳаву манзараҳои этнографӣ низ кашидааст, ки арзиши баланди ҳунариву эстетикӣ ва таърихӣ доранд.

Ҳамчунин дар асрҳои миёна санъати ороиши китоб ва минётурнигорӣ равнақ ёфт.  Минётурҳо маъмулан дар асоси сужети асарҳои манзум офарида мешуданд. Мавзӯи миниётурҳо аз саҳнаҳои ҷанги тан ба тан, лаҳзаҳои базму зиёфатҳо, шикор, мулоқоти ошиқон, маросими қабул, манзара, симои шахсони бузург ва ғайра иборат буд.

Дар таърихи минётурнигории форс-тоҷик Камолиддини Беҳзод, Авазмуҳаммади Мусаввир, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ, Маҳмуди Музаҳҳиб, Содиқбеки Афшор, Ризо Аббосӣ мақоми махсус доранд.

Дар охири асри 14- ибтидои асри 15 мактаби минётури Ҳирот пайдо шуд, ки барои ташаккули мактаби миётурнигории асрҳои 16-17-и тамоми Мовароуннаҳр асос гардид. Мактаби минётури Бухоро дар нимаи дуввуми асри 16 инкишоф ёфта, равияи ба худ хос касб кард.

Имрӯз санъати рассомӣ дар Тоҷикистон равнақ дошта, рассомони тоҷик дар ин навъи санъат асарҳои баландмазмуну баландғояро аз мероси бадеии ғании миллӣ ва дастовардҳои мамлакат  моҳирона эҷод мекунанд.

 

 

Октябрь 31, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҒАЗАЛ РӮДАКИВОР НЕКӮ БУВАД…». Шеъри Устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам пешгоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад
ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Арҷ гузоштан ба он нишонаи эҳтиром ба гузаштагон аст
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
АБАРУСТОДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар дар даври вилоятии озмун иштирок менамоянд
Мавсими 87-уми театрӣ бо операи «Рӯдакӣ» оғоз гардид
УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин густариш меёбад
«СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД». Профессор аз Тоҷикистон соҳиби ин ҷоизаи байнидавлатӣ гардид
Дар Душанбе Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ-2024 баргузор шуд
Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад