Таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мебошад

Октябрь 30, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Андешидани тадбирҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб мешавад. Ин нукта дирӯз зимни семинар оид ба риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ ба сайёҳон, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  баргузор гардид, таъкид карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар семинари мазкур намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, донишҷӯёни бахши сайёҳӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат доштанд.

«Андешидани тадбирҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб ёфта, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ ҳамасола семинарҳои омӯзишӣ дар сатҳи маҳаллӣ баҳри баланд бардоштани фаҳмиши ҷомеа ҷиҳати оқилона истифода намудани иқтидори мавҷуда, риояи меъёр ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ гузаронида мешавад. Семинари мазкур низ идомаи мантиқии ҳадафҳои дар боло гузошта шуда мебошад», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.

Зимни семинар ҳамчунин таъкид гардид, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои рушди соҳа омода намудани кадрҳои болаёқат барои хизматрасонӣ ба шумораи рӯ ба афзоиши сайёҳон ва донистани меъёру қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми хизматрасонӣ аз ҷониби роҳбаладони маҳаллӣ муҳим дониста мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ дошта,  низоми самарабахши корҳои наҷотдиҳӣ дар шароити ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми доир намудани чорабиниҳо дар самти сайёҳии варзиши кӯҳӣ, экологӣ ва навъҳои экстремалӣ (треккинг, велотурҳо, рафтинг, ҷиптурҳо, шикори хориҷӣ ва дигарҳо), инчунин давоми баргузории экспедитсияҳои байналмилалии кӯҳнавардӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мунтазам ҷаласаҳо ва ҷамъомадҳои якҷоя бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳии мамлакат оид ба паст намудани хавфи оқибатҳои нохуш ва ташкили корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии сайёҳон ҳангоми ба амал омадани ҳодисаҳои фавқулода  гузаронида мешавад.

Октябрь 30, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд