Таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар шаҳри Новокузнетски Россия намоиш дода мешавад

Октябрь 12, 2019 17:07

ДУШАНБЕ, 12.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10-уми октябр то 10-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Федератсияи Россия намоиши фарҳангӣ аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон бо номи «Тоҷикистон — таърих, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегардад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарг Боқиева хабар медиҳад, ки намоишгоҳи мазкур ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии вилояти Кемерово дар шаҳри Новокузнетск «Дӯстии Тоҷику Рус» ва бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Россия, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Россия дар ҳамкорӣ  бо ҳокимияти шаҳри Новокузнетск ва тоҷикони ин минтақа баргузор мешавад.

Дар оғози намоиш филми мустанад дар бораи таърих, фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, гӯшаҳои тамошобоби Тоҷикистон, мардуми тоҷик манзури бинандагон гардонида шуд. Дар намоиш гулдӯзиҳо, либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, китобу маҷаллаҳо, гаҳвора, ашёҳои рӯзгор, аксҳои ҷойҳои таърихии миллату давлати тоҷикон, таомҳои гуногун, кулчаву ҳалво ва дигар шириниҳои миллии тоҷикӣ, меваҳои хушк ва тару тозаи Тоҷикистон ба маъраз гузошта шудааст.

Раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Шавкат Тоҳиров дар ҷараёни кушодашавии ин намоиши фарҳангӣ изҳор дошт, ки омадани меҳмонони зиёд барои боздид аз ин намоиш бори дигар далолат аз он медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба таъриху фарҳангӣ миллати тоҷик зиёд аст. Аз ин лиҳоз, сайёҳоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон сафар кунанд, аввал кӯшиш менамоянд то аз расму оин, таъриху тамаддун, ҳунару фарҳанг ва маконҳои сайёҳии мо огоҳ шаванд, сипас роҳ ба сӯйи Тоҷикистон пеш гиранд.

«Мақсади мо ҳам ҳамин аст, ки зарфи як моҳ тамоми сокинону меҳмонон ва дигар сайёҳоне, ки ба вилояти Кемерово меоянд, аз ин намоиш дидан кунанд, ҳаёти имрӯзи кишвари моро, ки дар  расму мусаввараҳо таҷассум ёфтаанд, бубинанд ва бо ба даст овардани маълумоти зиёд меҳмони Тоҷикистон бигарданад», — илова намуд ӯ.

Дар чорабинии ифтитоҳии намоиш таърихшинос ва мудири шуъбаи фарҳанги Ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Маҳмадкарим Абдураҳимов ба ҳозирин дар бораи таъриу фарханги миллати тоҷик маълумот дод.

Шоири ҷавону умедбахш ва сардори бахши ҷавонони ҷамъияти тоҷикони Новокузнетск Дилшоди Рамазонӣ баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки «маҳз тавассути чунин намоишҳои фарҳангӣ ва пешниҳоди дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ, дигар миллатҳо бештару хубтар бо таърихи бою рангини гузаштаву имрӯзи мардуми мо ошноӣ пайдо карда, эҳтиромашон ба халқи мо бештар мегардад ва ин албатта  дар тақвияти дӯстии миллатҳои тоҷику рус, ҳамчунин дигар халқиятҳои муқими ин минтақаи Россия нақши муҳим дорад».

Ёдовар мешавем, ки намоиши фарҳангӣ аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон бо номи «Тоҷикистон — таърих, фарҳанг  ва ҳунарҳои мардумӣ»  дар толори фарҳангии ба номи «Маяковский» воқеъ дар шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Россия ҷараён дорад.

Октябрь 12, 2019 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад