Самтҳои асосии самаранокии маъмурикунонии андоз бо TADAT баррасӣ гардиданд

Декабрь 17, 2019 14:14

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои асосии самаранокии маъмурикунонии андоз аз масъалаҳои калидие буданд, ки зимни мулоқоти Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо Роҳбари Гурӯҳи Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурияти андоз /TADAT/ Мунавер Султан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба маълумоти манбаъ, мулоқот дирӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар идома оид ба фаъолияти минбаъдаи мақомоти андоз маълумот пешниҳод намуд. Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои муҳими мақомоти андоз фикру андешаҳои худро баён дошта, иброз доштанд, ки ҳамкориро дар ин самтҳо тақвият хоҳанд бахшид.

Тавре дар Кумитаи андоз зикр карданд, TADAT- ин воситаи умумиҷаҳоние мебошад, ки ҳамаи давлатҳо метавонанд онро бо мақсади баҳогузории тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андози худ истифода намоянд.

Ҳангоми баҳогузории TADAT ба масъалаҳои маъмурикунонии андозҳои ташкилкунандаи қисмати даромади буҷет диққати асосӣ дода мешавад.

TADAT самаранокии мақомоти миллии андозро аз рӯи 9 самти натиҷабахш — пуррагии махзани маълумоти андозсупорандагони бақайдгирифташуда, самаранокии идораи хавфҳо, расонидани кумак ба андозсупорандагон ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, пешниҳоди саривақтии эъломияҳои андозӣ, сари вақт супоридани андозҳо, дурустии маълумоти дар эъломияҳои андозӣ дарҷгардида, самаранокии расмиятҳои ҳалли баҳсҳои андозӣ, самаранокии идораи даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият баҳогузорӣ менамояд.

Чунин баҳогузории самаранокии фаъолияти мақомоти миллии андоз, тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андозро бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, ба монанди Россия, Қирғизистон, Украина, Беларус ва дигарон гузаронидаанд.

Кумитаи андоз тасмим гирифтааст, ки аз ҷараёни баҳогузории TADAT мунтазам маълумот пешниҳод намояд.

Декабрь 17, 2019 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба таъмини муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ бо кадрҳои илмӣ конфронс баргузор гардид
ИЛМ ВА МАОРИФ – МАҲАКИ АСОСИИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли маориф ва илми мамлакат
«ШОМИ ДӮСТӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Кадоме аз муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бештар рақамикунонӣ шудаанд?
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
«ШОҲНОМА ВАТАН АСТ!». Дар Ҳисор маҳфил-озмуни «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. Дар шаҳри Ҳисор соҳилҳои дарёи Чангоб аз партов тоза карда шуданд
«МЕПАРАСТАМ НОНИ ГАНДУМ». Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Ғолибони озмунҳои «Ихтироъкорони ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯён» соҳиби ҷоизаҳо шуданд
«ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ, ПО БАР ЛАБИ ДАРЁ НАМОН!». Бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ аллакай 52 нафар ғарқ гардидаанд