Дастаи занони волейболбози Мактаби Президентии шаҳри Хоруғ соҳиби Ҷоми раиси вилоят гардид

Март 5, 2020 10:11

ХОРУҒ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як ҳафта дастаҳои мунтахаби занони волейболбози муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангию низомӣ дар толори Қасри варзиши шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  барои ба даст овардани Ҷоми Раиси вилоят бо ҳам рақобат намуданд.

Тавре сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, “таваҷҷуҳи занону духтарони бадахшонӣ  ба бозии волейбол зиёд аст ва ҳамасола онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ин рӯ мо бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор додем, ки дар арафаи Рӯзи Модар  байни дастаҳои занони волейболбоз мусобиқа баргузор намоем”.

Дар мусобиқа 8 даста ширкат доштанд ва дастаи мунтахаби Мактаби  Президентии шаҳри Хоруғ ҳамаи дастаҳоро шикаст дода, соҳиби ҷои аввал гардид. Дастаи комиссариати ҳарбии вилоят  ҷои дуюм ва дастаи Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Сармураббии дастаи занони волейболбози вилоят Раҳмат Алифшоев гуфт, ки  чунин мусобиқаҳо  барои  боз ҳам таҳким ёфтани дастаи мунтахаби вилоят аз намуди волейбол кумаки калон  мерасонанд ва дар оянда бозингарони навро ба майдон меоранд.

Ғолибони мусобиқа бо Ҷоми раиси вилоят, медалу ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Март 5, 2020 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар чемпионати Осиё ба Тайиланд сафар намуданд
Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар иштирок менамояд
Ҳайати паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо соҳиби 27 медал гардиданд
Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Ваҳдатро Сомон Аламов ва Ғазалшои Давлатшо сазовор шуданд
Ғолибону ҷоизадорони 15-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуданд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Футболбозони навраси то 17-солаи Тоҷикистон ба Ватан бармегарданд
Ғолибони бозиҳои даври панҷум байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол муайян шуданд
Даромад ба Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ройгон эълон гардид