ХАБАРИ ФАВРӢ: Дар Тоҷикистон содироти бисёр маҳсулот ба хориҷа ва ташкили ҳамоишҳо манъ гардид, мактабиён ба таътил фиристонда мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.
Дар ҷаласа бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд.
Ҳамчунин тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо назардошти вазъияти мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ва бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворию таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ аз таърихи 25-уми апрели соли 2020 муваққатан аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар содирот кардани ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгиҳо, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ гардид.
Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамчунин дар тамоми қаламрави мамлакат муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.









Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






