Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба муноқишаи сарҳадӣ иловатан хабар медиҳад

Май 9, 2020 13:19

ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 майи соли 2020 соати 17:05, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз карданд. Бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони ҶҚ огоҳ карда шуданд, ки минтақаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва бояд онҳо ин минтақаро тарк кунанд. Аммо ҷониби қирғиз  беш аз 80 нафар сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати Оксойи ноҳияи Бодкандро ба ин муноқиша ҷалб ва таҳрик намуд. Онҳо ба тарафи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ санг партофта, аз силоҳи оташфишон истифода карданд.

Соати 18:10 дақиқа 30 нафар хизматчиёни постгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии «Ботканд» ва 10 корманди ШВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷои ором намудани вазъият, амалҳои иғвогаронаи сокинони қирғизро пуштибонӣ карда, аз автомату пулемётҳои Калашников ба сӯи мардуми осоиштаи Тоҷикистон тир парронданд. Барои муҳофизати худ ва шаҳрвандон, сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ки оташи ҷавобӣ кушоянд.

Дар натиҷаи тирпарронӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Айни замон, ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид идома дорад.

 

Май 9, 2020 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ оид ба иҷрои талаботи қонун дар самти даъвати шаҳрвандон ҷаласа доир гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд
Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд