ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: МАНФИАТОВАР Ё ХАТАРЗО? Ба андешаи корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуcрав Ализода — «ҳам ину ҳам он»

Май 17, 2020 08:47

ДУШАНБЕ, 17.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Замони ҳозираро  бе истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ (IТ-техноллогияҳо) дар ҳамаи бахшҳои кору рӯзгор тасаввур кардан ғайриимкон аст: бе онҳо мо худро чун бе дасту по эҳсос менамоем.  Бидуни телефонии мобилӣ як қадам пеш рафта намешавад, агар маблағи истифодаи телефонҳоро супоидан хоҳед бояд аз хидмати терминалҳо истифода баред. Дар соҳаи маориф бе компютер ба натиҷаи хубе ноил шудан ғайриимкон аст.  Агар соҳаи алоқаю иртибот, санъату ҳунар ва воситаҳои ахбори оммаро  гирем — ҳоҷати гап ҳам нест. Ҳатто дар иҷрои  корҳои  таҷдид ва нигаҳдории мероси таърихию фарҳангӣ низ имрӯз   аз технологяҳои навтарин  истифода бояд кард.

Вале пайдоиши ҳама гуна технологияҳои нав, чун қоида ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро доро мебошад.  Дар ин бора корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав АЛИЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин андешаронӣ намуд:

— Аслан имрӯз мо технологияҳои нав мегӯем ва пеш аз ҳама рушду тараққиётро дар назар дорем, рушду тараққиёт мегӯем ва зимни он ҳатман технологияҳои муосирро мадди назар хоҳем дошт. Чуноне маълум аст, ба ин масъала давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Беваҷҳ нест, ки ҳанӯз соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ таҳти рақами 1174 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонида буданд. Ин санади муҳим зарурияти истифодаи васеи IТ-технологияҳоро дар соҳаҳои иттилоот, алоқа, иқтисод, тиҷорат, илму маориф,тандурустӣ, бонкдорӣ, андозситонӣ, моликияти зеҳнӣ, муносибатҳои байналмиладлӣ  ва ғайра пешбинӣ намудааст.

ДАР АКС: Хусрав Ализода

Маҳз ҷиҳати табиқи ин стратегия  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти рақами 643 аз 30 декабри соли 2011  Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки дар он ба роҳ мондани  истифодаи васеи интернет дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар самти хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар назар дошта шудааст.

Аммо пайдоиши ҳама гуна технологияҳои нав, чун қоида, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад. Ба монанди технологияҳои атомию кимиёвӣ, ки яке масъалаи энергетика ва дигаре истеҳсолотро тақвият мебахшанд, вале аз ҷониби дигар, сайёраро ба буҳрони ҷиддии экологӣ оварда мерасонанд. Технологияҳои иттилоотӣ низ аз ин хатарҳо эмин набуда, барои ҷомеа пайомадҳои мухталиф ба вуҷуд меоранд.

Солҳои охир дар интернет шумораи зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд, ки дорои имкониятҳои хеле зиёд мебошанд.  Айни замон онҳо ба як воситаи универсалии муошират табдил ёфтаанд. Ҳоло дар ҷаҳон тибқи омор беш аз 4,5 миллиард нафар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуданд. Аз ҳама маъмултарини онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Facebook», «YouTube», «WhatsApp», «Мessenger» ва «Instagram» мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки сомонаҳо ва  шабакаҳои иҷтимоиро аз рӯйи доираи истифодабарандагон ва имкониятҳои иттилоотиашон ба навъҳои гуногун ҷудо мекунанд. Яке аз маъмултарин шабакаи иҷтимоӣ дар айни замон «Facebook» мебошад ва онро дар бештари маврид барои фаъолияти сиёсӣ, масъалаҳои молиявӣ ва ғайра истифода мебаранд. «Facebook» тадриҷан дигар истифодабарандагон – иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоиро низ ба худ ҷалб мекунад. Системаи мубодилаи паёмнависии фаврии он барои доираи истифодабарандагонаш имкониятҳои хос фароҳам меоварад.

«ВКонтакте» ва «Одноклассники» шабакаҳои иҷтимоии русӣ буда, паҳншавии ҳадди аксарро ба даст овардаанд ва онҳо низ асосан дар байни ҷавонон маъмул мебошанд. Ин шабакаҳои иҷтимоӣ қобилияти эҷоди матнҳои дароз ва гузаронидани мубоҳисаҳоро доро мебошанд.  Онҳо барои мубодилаи иттилооти визуалӣ, ба монанди акс ва видео бештар мувофиқанд. Маҳз дар шабакаҳои иҷтимоӣ қисми зиёди истифодабарандагон – иштирокчиёни интернет ба муоширати маҷозӣ сару кор доранд. Ин фазои маҷозӣ аз олами воқеӣ на танҳо бо миқдори иттилоот, суръати дастрасӣ ва шумораи тамосҳои имконпазир фарқ мекунад, балки бо заиф будани сатҳи назорат аз ҷониби волидайн ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ тафовут дорад.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ба ҷойи истифода аз имкониятҳои муассири он шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсаду ҳадафҳои ғаразнок мавриди истифода қарор мегиранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар маркази диққати гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро (экстремистию террористӣ) қарор доранд. Хатари шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин гурӯҳҳо асосан дар инкори арзишҳои умумибашарӣ ва таблиғи амалҳои ношоиста, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ, қонуншиканӣ, коррупсия, таблиғи зӯроварӣ, бадахлоқӣ ва  намудҳои дигари ҷиноят зоҳир мегардад.

Экстремизм бо ҳама шаклҳои мураккаби зоҳиршавиаш падидаи нав нест. Ба ин падида ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният бархурд дошт. Хатару таҳдиди экстремизм ва оқибатҳои манфии он Юнону Руми қадим, ҳамзамон ҷомеаҳои асримиёнагӣ ва замони муосирро думболагирӣ менамуданд, вале дар замони муосир шеваи амали онҳоро имкониятҳои воситаҳои иттилоотӣ куллан тағйир додаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама чиз осонтар аст, шунавандаҳо ва хонандаҳо зиёданд, барои навиштани эзоҳи кӯтоҳ ва муҳокимаву мулоҳиза шароити кофӣ мавҷуд мебошад.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз, фазои интернет барои доираҳои идеологию ақидатӣ, хусусан ташкилоти экстремистӣ ҷолиб мебошад. Дар дилхоҳ ҷой ва қаламрав бароҳат ва бо хатари камтарин барои худ ба мағзшӯии ҷавонон даст мезананд. Интернет ва хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо ҳамчун «минбар»-и асосии паҳнкунандаи андеша ва назарҳои ифротӣ истифода бурда мешаванд. Воситаҳои ахбори оммаи расмӣ (рӯзномаҳо, радиоҳо, телевизион) барои онҳо пӯшидаанд, аз ин рӯ имрӯз интернет ягона минбари дастрас мебошад.

Албатта, ба ғайр аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои экстремистӣ инчунин кӯшиш менамоянд, ки сомонаҳои худро дошта бошанд, аммо дастрасӣ ба онҳо баста шудааст, хадамоти махсус кӯшиш мекунанд, ки ин захираҳоро банданд ва аудиторияи онҳо нисбатан кам гардад. Сарфи назар аз ин, бо сабаби рушди интернет, ин захираҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Ин гурӯҳҳо пайваста суроғаҳои худро иваз менамоянд, то аз бастани сомонаҳояшон аз ҷониби мақомоти амниятӣ эмин монанд. Ба ғайр аз он ки дар шабакаҳои интернетӣ шумораи зиёди сайтҳое мавҷуданд, ки мустақиман ба терроризм алоқаманд нестанд, аммо террористонро дар шаклҳои гуногун дастгирӣ мекунанд.

Усулҳои таъсири иттилоотӣ, ки ҷалбкунандагон ва паҳнкунандагони ғояҳои ғайриқонунӣ истифода мекунанд, нав нестанд. Инҳо воситаҳои кӯҳна ва маъруфанд, аз қабили таҳрири хабарҳои ғаразнок ва истифодаи риторикии пуртаъсир ва ғайра.

Ин усулҳо дар ҳаёти муқаррарӣ низ хеле хуб кор мекунанд: дарк намоед, ки чӣ гуна издиҳоми мардум дар гирдиҳамоиҳо ё мухлисон дар варзишгоҳ барои як андешаи пучи шунидааш ба осони ба «шӯр» омада, девонавор ба ҳар куҷо сар зада ва  ба чӣ амалҳо даст мезанад. Шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба ҳамон як издиҳоми кӯча монандӣ доранд, ки танҳо миқёсашон васеътар аст. Аксарияти корбарон вақте сарлавҳаи ҷолиберо мебинанд, бо пахши тугмаи «маҳқул», «шарҳ» ё «мубодила» метавон гуфт, ки раванди паҳншавии овозаҳоро такон мебахшанд ва овозаҳо зуд ва бо суръати кайҳонӣ паҳн мешаванд.

Усули ягонаи мубориза бо чунин мавҷи паҳншаванда — ин  санҷидани маълумот мебошад. Албатта, мақомоти судӣ метавонанд ин ё он матнро ҳамчун маводи экстремистӣ эътироф кунад, аммо дарки  нишонаҳои экстремизм дар матн барои истифодабарандагон низ чандон душвор нест. Пас, агар матн дорои хусусияти зӯроварӣ, даъват ба тағйири системаи сиёсӣ (яъне даъват ба инқилоб, шӯриш, итоат накардан ба ҳукумати қонунӣ), муроҷиатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё асосноккунии терроризм, аз ҷумла барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ (даъват ба куштор, латукӯб), бартарӣ ё паст будани шахс дар асоси мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ бошад ва ё агар ҳадди аққал яке аз нишонаҳои номбаршуда дар матн дида шавад, бояд аз он эҳтиёт намуд ва худро канор гирифт!.

Ҳамин тавр, дар шароити муосир истеҳсол, интиқол ва истифодаи иттилоот ба ҷузъи муҳими муносибатҳои иҷтимоӣ ва амнияти  иттилоотӣ мубаддал шуда, зарурати андешидани тадбирҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои онро боз ҳам дучанд менамояд. Амнияти иттилоотӣ яке аз ҷузъҳои асосии амнияти миллӣ маҳсуб меёбад.

Беҳуда нест, ки дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз бобҳои асосӣ «Амнияти иттилоотӣ» ном дорад ва дар он дар қатори бисёр бандҳо чунин банди махсус ҳаст: «Эътинои фаврӣ  ба ҳодисаҳои вайрон кардани амнияти иттилоотӣ бо роҳи мубодилаи иттилоот».

Яъне дар чунин мавридҳо нисбат ба чунин ҳолатҳо  на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрованди мамлакат бояд бепарво ва беэътино набошад.

Май 17, 2020 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ дар Рӯшон ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд
ОФАТИ ТАБИӢ. Бар асари боронҳои шадид дар ноҳияи Хуросон 338 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст
«СOVID-19 – МУШКИЛОТ БАРОИ БАШАРИЯТ, ЗАРБА БА ИҚТИСОДИ ҶАҲОН». Чунин иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Файзуллозода
АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА» ИДОМА ДОРАД! Зимни санҷишҳо чандин ҳанноти доруфурӯш, ки нархи маводро ба таври сунъӣ боло бурдаанд, ошкор шуданд
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба муноқишаи сарҳадӣ иловатан хабар медиҳад
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад
Кормандони милиса дар арафаи Рӯзи Ғалаба ба аёдати иштирокчии ҶБВ Маҳмадулло Сафарови 100-сола рафтанд
«ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе китоби нав аз чоп баромад
COVID – 19. Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити пандемияи коронавирус
АМАЛИЁТИ «ДОРУХОНА»: Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба муайян кардани гунаҳгорони ба таври сунъӣ боло бурдани нархи доруворӣ шуруъ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз қисмҳои низомии мамлакат боздид намуд
Корманди Нозироти андоз ҳангоми гирифтани 21 ҳазор сомонӣ пора дастгир гардид

Маводҳои таҳлилӣ