Бадахшон: Шумораи мубталоёни COVID-19 дар вилоят рӯ ба камшавӣ ниҳодааст

Июнь 8, 2020 15:49

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷаласаи имрӯзаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновируси нави Сovid -19 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов эълом доштааст, ки хушбахтона рӯзҳои охир теъдоди афроди гирифтори ин беморӣ дар ВМКБ кам ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Тибқи омори расмӣ ба ҳолати 7-июн ҳамагӣ 19 нафар дар муассисаҳои табобатӣ бистарӣ гардиданд. Ин нишондод дар муқоиса ба як ё ду ҳафтаи пеш, ки шумораи сироятёфтагон аз 50 то 70 нафарро ташкил дода буд, зиёд нест. Дар давоми ба табобат фаро гирифтани мубталоёни  ин беморӣ, 1506 нафар ба таври расмӣ бо касалиҳои гуногуни шуш ба табобат фаро хонда шуданд, ки аз ин шумора 75 дарсад, ё худ 1132 нафар баъди барқарор шудани вазъи саломатӣ аз муассисаҳои табобатӣ рухсат шуданд. Дар давоми ин муддат танҳо 22 нафар шахсони калонсол ва ё бо нишонаҳои дигар бемориҳои музмин фавтиданд, ки 14 нафар ба беморхонаи вилоятӣ рост меояд. Дар ҳудуди вилоят ҳодисаи фавт дар маҷмуъ 1,5 фоизро ташкил медиҳад.

Июнь 8, 2020 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд