Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конфересияи байналмилалӣ баргузор шуд

Март 29, 2025 19:54

ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба обшавии пиряхҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи конферения иброз гардид, ки бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, он имкони хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

«Маврид ба таъкид аст, ки иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид», — гуфта шуд дар идома.


Иштирокдорони конференсияи дар мавзуъҳои «Таъсиррасонии техногенӣ ба муҳити зисти табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», «Адаптация к изменению климата в Кыргызстане: значение лесных экосистем для устойчивости региона», «Беасосии (марги гармии олам) ва кӯшишҳои бартарафкунии он» ва «Аҳамияти пиряхҳои Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисоди сабз» маърӯзаҳо намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки давоми даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо  таҳти таъсири тағйирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бинобар ин иштирокдорон ташаббуси навбатии Тоҷикистонро дар масъалаи мавриди назар саривақтӣ ва манфиатовар дониста, иброз доштанд, ки ин иқдом барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

АКС: шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Март 29, 2025 19:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чаро ҳар яки мо бояд дарахт шинонем?
Дар Боку омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе иштирок менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
Намояндаи Тоҷикистон бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо намояндаи олии ин созмон мулоқот намуд
Муҳлати пешниҳоди дархостҳо барои ташкили намоишгоҳҳо дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо тамдид карда шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи «сабз»» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025 гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Доир ба илми пиряхшиносӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид