ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шалғамча барои пешгирии саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст

Апрель 20, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шалғамча, ки дар байни аҳолии мо   бо номи русии редиска машҳур  аст, яке аз растаниҳои серғизои баҳорӣ мебошад. Он таъми тез ва андак талх дорад. Шалғамчаро агар ба хӯриш ва таом реза карда андозед, маззаи беназир мебахшад. Решаи онро дар хӯрокҳо низ истифода мебаранд.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, шифобахшии шалғамча ба таркиби он вобастагии зиёд дорад.  Дар таркиби шалғамча моддаҳои индол, зеаксантин, лютеин ва бета-каротин, флавоноидҳо, антиоксидантҳо мавҷуд аст. Инчунин дорои витаминҳо С, РР, В, ва минералҳои  магний, калий, оҳан, фосфор, калтсий мебошад, ки ҳамаи онҳо барои саломатӣ зарур ҳастанд. Ба иттилои мутахассисон, 100 грамм шалғамча 20 ккал қувва дорад.

Дар таркиби шалғамча витамини С бисёр буда, ин модда барои бофтаи устухон хеле муфид аст. Истеъмоли он метавонад рушди артритро пешгирӣ ва нишонаҳои бемориро сабук кунад. Ҳамчунин дар нигоҳ доштани иммунитет ва паст кардани фишори хун саҳми калон дорад. Ғайр аз ин, дар табобати якчанд намуди саратон, аз ҷумла саратони даҳон, меъда, гурда ва рӯдаи ғафс фоидаовар аст. Зеро дар таркиби шалғамча моддаҳое ҳастанд, ки ба афзоиши ҳуҷайраҳои саратон роҳ намедиҳанд. Витамини С рушди бронхитро низ пешгирӣ намуда,  барои рафъи нишонаҳои астма кумак мерасонад.

Азбаски дар таркиби шалғамча миқдори зиёди об мавҷуд аст, пӯстро нам, ҷавон ва зебо нигоҳ медорад. Дар таркиби он витаминҳои В ва С, руҳ, фосфор, ки бисёр аст, барои зуд сиҳат ёфтани захм ва ҷароҳатҳои пӯст ёрӣ мерасонад.

Аҳамияти табобатии шалғамча боз дар он аст, ки бемориҳои системаи пешобро пешгирӣ мекунад. Инчунин фаъолияти ҷигар ва системаи нафасро беҳтар мегардонад.

Шалғамча, ки манбаи калий мебошад, пайдоиши сангҳо дар гурдаро пешгирӣ менамояд. Он ихроҷи пешобро фаъол намуда, мушкилоти роҳҳои пешобро бартараф менамояд. Барои рафъи оқибатҳои бемориҳои дилу раг низ мусоидат мекунад.

Он қобилияти обгузаронии рӯдаҳоро беҳтар, қабзиятро, ки ба бавосир оварда мерасонад, пешгирӣ намуда, барои ҷигар ва талхадон фоиданок аст.

Бояд гуфт, ки шалғамча барои чанд навъи бемориҳо зарар низ дорад. Одамони гирифтори аллергия бояд худро аз истеъмоли шалғамча нигоҳ доранд. Вақте ки дар талхадон сангҳои калон мавҷуданд, шалғамча тавсия дода намешавад. Зеро он тавлиди заҳрро метезонад ва сангҳо метавонанд ба ҳаракат даромада, боиси дарди талхадон шаванд. Истеъмоли шалғамча метавонад ба истеҳсоли гормонҳои сипаршакл таъсири бад расонад. Бинобар ин, дар як рӯз 2-3 дона шалғамча хӯрдан барои як нафар кифоя аст.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Апрель 20, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд

Маводҳои таҳлилӣ