Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо ба таври умумӣ 75 фоизи захираҳои асосии оби тозаро дар сайёра ташкил дода, даҳсолаҳои охир аз таъсири тағйирёбии иқлим босуръат об шуда, коҳиш меёбанд. Бо назардошти тағйирёбии иқлими сайёра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се даҳсолаи охир силсилаташаббусҳои глобалиро дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намуд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ва бо иттифоқи оро пазируфта шуданд.
Яке аз онҳо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдом нодир арзёбӣ мегардад. Чунки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо як қатънома чор пешниҳоди Тоҷикистонро қабул намуд, ки дар асоси он соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин Фонди махсуси боварӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, охири моҳи майи соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Дар ин замина, тибқи иттилои котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонии нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба таври ҷиддӣ омодагӣ мебинад. Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳамияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳои сиёсӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар доираи баргузории нахустин Конфронси сатҳи баланди ҳифзи пиряхҳо нишастҳои мавзуӣ, форумҳо ва чорабиниҳои канорию фарҳангӣ гузаронида шуда, иштирокдорон ва меҳмонони ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зимни сайру саёҳат ба минтақаҳо бо табиати зебою нотакрори Тоҷикистон, захира ва иқтидори обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қатъномаи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо таъсиси ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳои мушаххас тасдиқ шудааст. Инчунин барои идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Тоҷикистону Фаронса моҳи августи соли 2024 қатъномаи дигари Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ» қабул гашта, бо ибтикори Тоҷикистону Аргентина «Гурӯҳи дӯстдорони пиряхҳо» дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд.
Пиряхҳои сайёра ба таври умумӣ зери таъсири раванди тағйирёбии иқлим босуръат коҳиш меёбанд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон аз 14 ҳазор пирях ҳудуди 1300 адади он об шудааст. Обшавии бузургтарин пиряхи Тоҷикистон — Ванҷях, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, далели ин гуфтаҳо аст. Мушоҳидаҳои бисёрсола бозгӯи он ҳастанд, ки танҳо давоми 70-80 соли охир Ванҷях зиёда аз 1 километр коҳиш ёфта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Аз ин рӯ, олимону коршиносони обу иқлим ва яхшиносон ба он назаранд, ки барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ- обшавии пиряхҳои сайёра амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳон зарур мебошанд.
Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо ёдгориҳои боҳашамати табиӣ, балки сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар нигоҳ доштани экосистемаҳо ва иқлими минтақа нақши калидӣ доранд. Дар маҷмуъ, имрӯз мушкилоти экологӣ ва масъалаи обшавии пиряхҳо, ки захираи оби ошомиданӣ мебошанд, ба мушкилоти рақами яки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки танҳо як кишвари алоҳида бо мақсади устувории экологӣ ба ҳалли проблемаҳои мавҷудаи экологӣ ноил шуда наметавонад. Бинобар ин, барои пешгирии мушкилоти экологӣ, хусусан раванди тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар қарни 21 зарур аст, ки якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҳамкории муассири дастҷамъона пеш бурда шавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз









РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Фестивали об гузаронида мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҳузури беш аз 2500 иштирокчӣ аз 100 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд






