Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба имзои Эъломияи Хуҷанд ҳамоиши илмӣ баргузор гардид

Апрель 3, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ва нақши он дар таҳкими ҳамкории дӯстонаи давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода аз иқдоми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки  сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазо, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ аз иқдоме мебошанд, ки рамзи сулҳ, ваҳдат, инсондӯстӣ ва пешрафти давлату минтақа ба ҳисоб мераванд.

Иброз гардид, ки Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ барои рушди ҳамкории минбаъда шароити мусоид фароҳам меорад. Он марҳилаи нав дар раванди таърихии ҳамкории минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «мо ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Бо ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика афзалияти комил хоҳем дод».

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вобаста ба нақши ихтирооту навоварӣ дар рушди иқтисоди миллӣ конференсия доир шуд
Дар дурдасттарин деҳаи Қаратоғ бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Душанбе оид ба ояндаи таҳсилоти эҷодӣ ва дизайн конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар мавзуи ҷавонон ва ҷаҳони муосир конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи гуманитарии шаҳри Екатеринбург тақвият меёбад
СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ. Бо ташаббуси онҳо дар Хатлон сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ идома дорад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Хуҷанд даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ҳамкориро таҳким мебахшанд
Ба кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муқаррароти Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» тавзеҳ дода шуд
Дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар вобаста ба саҳми иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҳамоиш доир шуд
Вобаста ба тибби сайёҳӣ ва нақши он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ конфронси байналмилалӣ доир шуд