Дар Душанбе Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳӣ баргузор мегардад

Апрель 3, 2025 08:26

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе 13 апрел дар пойтахт мусобиқаи байналмилалӣ — Ҷоми ҷаҳон оид ба велосипедронии кӯҳии «Eliminator Mountain» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон бо мақсади омода намудани варзишгарони муваффақ ва дарёфти чеҳраҳои нав барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишии иштирокдорон, муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ ва оммавияту солимгардонӣ доир карда мешавад.

Ҳадафи ин мусобиқа оммавигардонии ин навъи варзиш, ҷалби сайёҳон ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун созмондиҳандаи чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ мебошад.

Велосипед давоми ду аср дар мамлакатҳои ҷаҳон истифода бурда мешавад ва яке аз  намудҳои нақлиёти сайёр ва боэътимод буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ҳамзамон истифодаи он ба муҳити зист ва ҳифзи саломатии инсон мусоидат менамояд.

Дар замони муосир дучархаронӣ яке аз намудҳои варзишие маҳсуб мешавад, ки ба саломатии инсон хеле фоидабахш аст. Қисми зиёди аҳолии сайёра ин намуди варзишро хуб пазируфтаанд ва новобаста аз ҳамроҳ будан ба маҳфилҳои варзишии велосипедронӣ барои худ ин таҷҳизотро харида, ҳамарӯза барои беҳтар намудани саломатӣ онро истифода менамоянд.

Тибқи маълумоти мутахассисони соҳаи тиб, машғул шудан ба дучархаронӣ барои системаи узвҳои асаб, системаи узвҳои таносул ва бартараф кардани вазни зиёдатӣ хеле муфид аст.

Инчунин машғул шудан ба дучархаронӣ ба беҳтар шудани реҷаи хоб, фаъолияти узвҳои ҳозима ва иммунитет мусоидат намуда, беҳтарин усули лоғар шудан мебошад.

АКС: Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон

Апрель 3, 2025 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Рақибони дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Паҳлавонони тоҷик шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ёвонро соҳиб шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигарони боистеъдодро интихоб менамояд
Паҳлавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия ғолиби Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе гардиданд
Тоҷикистон мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарон (U-20) интихоб шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Ҳафтаи ҷаҳонии футбол ба таври густарда доир мегардад
Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Роғунро паҳлавонҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон сазовор шуданд
ФУТБОЛ. Қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад
Ҷудочиёни тоҷик барои иштирок дар чемпионати Осиё ба Тайиланд сафар намуданд
Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 36 варзишгар иштирок менамояд
Ҳайати паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуд