РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 1, 2025 11:19

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил ва ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу бум аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки ба даъватшудагон, ки аз даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати ронандагӣ гузаштаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон нақша доранд ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ густариш диҳанд
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Душанбе масъалаи арзёбии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид
Вохӯрии дуюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Самарқанд баргузор шуд
Бо истифода аз барномаи «Нозири минтақавии ман» шаҳрвандон метавонанд нозири минтақавии худро шиносанд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Киҳо хуқуқи дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро доранд?
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро гардид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ беш аз 80 фоиз иҷро шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Хизматчиёни ин сохтори низомӣ дар таъмини суботу оромӣ саҳми назаррас доранд
Ба 60 нафар даъватшаванда дар ноҳияи Мастчоҳ шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд иншооти нав ифтитоҳ гардид
Модарони Файзобод бо дуо ва суханҳои нек муҳофизони Ватанро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд