Дар Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд иншооти нав ифтитоҳ гардид

Апрель 4, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар вилояти Суғд бинои хадамоти тиббӣ ва нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум бинои хадамоти тиббӣ ва дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ барои кормандони нозироти корҳои ислоҳӣ  ҷойгир шудаанд.

Ошёнаи якум дорои 10 ҳуҷра ва як озмоишгоҳ буда, бо беҳтарин шароити кору хизматрасонии тиббӣ таъмин мебошад. Дар айни замон дар бино барои расонидани кумаки тиббӣ 10 табиб ва 4 ҳамшираи тиббӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳамчунин дар муассисаи ислоҳии 3/3-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бинои нави маишӣ-истироҳатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои маишӣ-истироҳатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои ошхона, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи алоқаи мобилӣ бо пайвандон, ҳаммом, китобхона, ҷойи хоб, хонаи фарҳанг ва коргоҳҳои ҳунармандӣ барои соҳибкасб гардонидани маҳкумшудагон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳҳои ҳунармандӣ ва дӯзандагӣ беш аз 200 маҳкумшуда ба омӯзиши нозукиҳои касбу ҳунар машғуланд. Онҳо бо сифати баланд лавозимоти гуногуни рӯзгор, нишастгоҳҳои замонавӣ, мизу курсӣ, рахти хоб, либосҳои гуногун ва армуғонҳо истеҳсол менамоянд.

Инчунин масъулони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар боздоштгоҳи тафтишотии 9/2 бинои нави корӣ бунёд намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз 879 нафар аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд. Ин тадбири муҳим нишонаи ғамхории арзанда нисбат ба маҳкумшудагон ва пайвандони онҳо мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 4, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд